Санаи 2 феврали соли 2023 бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи намунавии омӯзиши идоравии хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соли 2023, ки мувофиқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, барои хизматчиёни давлатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ машғулияти идоравӣ вобаста ба омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ташкил гардид.
Машғулияти идоравӣ вобаста ба омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз ҷониби Дилноза Аҳмадзода-муовини директори Агентии хизмати давлатӣ миёни хизматчиёни давлатии вазорат гузаронида шуд.
Инчунин, дар омӯзиши идоравии мазкур муовинони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Давлатзода Қиёмиддин ва Ализода Алишер низ иштирок намуданд.
Зимни омӯзиши идоравӣ аз ҷониби масъулини Агентии хизмати давлатӣ ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ, муносибатҳо вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон тибқи Қонуни мазкур шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки қабул гардидани Қонуни мазкур дар шароити мутташанниҷи авзои ҷаҳонӣ, масъалаҳои ҷаҳонишавӣ ва геосиёсӣ, мавҷудияти хатарҳо ва таҳдидҳои замони муосир, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлатӣ, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он муҳим ва саривақтӣ буда, имрӯз аз ҳамаи субъектони татбиқи Қонун ва ҳамзамон кулли шаҳрвандон омӯзиши ҳамаҷониба, дарёфти механизмҳои босифати татбиқ ва амалигардонии меъёрҳои ҳуқуқии онро талаб менамояд.
Машғулияти идоравӣ бо табодули афкору назар ва пешниҳоду таклифҳои мушаххас ҷамъбаст гардид.