Ба диққати корҷӯён расонида мешавад, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Занони хушбахт” санаи 22 октябри соли ҷорӣ, соати 8:00 дар гулгашти назди бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Буни Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯён ярмаркаи васеи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод бо иштироки бонкҳо, ташкилотҳои хурди қарзӣ ва корхонаю ташкилотҳои соҳаи саноат, сохтмон, нақлиёт, тандурустӣ ва суғурта баргузор менамояд.
Музди меҳнат барои кормандон аз 2850 то 6500 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.