14 -уми апрели соли 2023 ҷаласаи васеи мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар семоҳаи якуми соли 2023 таҳти раёсат вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода доир гардид.
Дар он муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва сардорони раёсатҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ширкат варзиданд.
Доир ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2023» дастовард ва мушкилоти соҳа маърӯзаи муовини вазир Ализода Алишер пешниҳод шуд.
Зикр карда шуд, ки вазорат фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои протоколии маҷлисҳои Раёсат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти барномаҳои стратегии мамлакат ва Ҳадафҳои рушди миллӣ ба роҳ монда, ба як қатор натиҷаҳо ноил гардид.
Дар ин давра, ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳа ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқию ташкилӣ ва танзими фаъолияти соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 11 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуда, аз ин шумора 1 лоиҳа ба тасвиб расида, 4 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 лоиҳа дар мувофиқа бо вазорату идораҳо қарор доранд.
Дар шароити муосир яке аз воситаҳои таъмини суботи иҷтимоию меҳнатӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон маҳз шарикии иҷтимоӣ мебошад, ки ҳамкории муштараки мувофиқашудаи давлат, корфармоён ва мақомоти намояндагии кормандон - иттифоқҳои касабаро таъмин менамояд.
Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иљтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он танзими муносибатњои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиқодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солњои 2021-2023, инчунин рақамикунонии шартномаи коллективӣ ҳамчун қадами аввалини дигаргунсозии муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ баррасӣ гардида, қарори дахлдор қабул гардид.
Дар муҳокимаи масъала сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони сохторҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии вазорат, директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидои касбӣ иштирок карда, сабабу омилҳои мушкилоти ҷойдоштаро баён намуданд ва барои бартараф кардани онҳо дастур гирифтанд.
Раиси маҷлис фаъолияти ҳар як раёсат ва сохторҳои вазорат дар семоҳаи якуми соли 2023-ро бо пурсишҳо ва натиҷаҳои ноилгардида арзёбӣ намуда, барои тақвияти фаъолият дастурҳои мушаххас дод.
Доир ба масъалаи баррасишуда дар маҷлиси ҳайати мушовара қарори дахлдор қабул гардид.