img
БОЗДИД АЗ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ

Нимаи дуюми рӯзи 30 июли соли равон вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо ҳайати ҳамроҳон - сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон ва раиси ноҳияи Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, №52 сарпарастони МДТ “Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҳамадонӣ” мебошанд, аз муассисаи номбурда дидан намуданд.

Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҳамадонӣ, ки аз рӯйи 7 ихтисос мутахассис омода менамояд, ба таъмиру азнавсозии куллӣ эҳтиёҷ дошта, вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати марҳила ба марҳила ба таври муосир таъмиру азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассиса корбарӣ намуда истодааст.

01.08.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ