Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №582 тасдиқ карда шуд, яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатии кадрҳо - ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, ташаккули системаи муосири идоракунии ҳайати кормандон дар тамоми сатҳҳо ва таъмини сиёсати ягонаи давлатии кадрҳоро муайян намуд. Мақолаи зер дар ҳамин хусус.
Мувофиқи банди 4.17 Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати далатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2017 ҷорӣ намудани низоми самараноки ротатсияи кадрҳо пешбинӣ карда шуда, дар чорчубаи он соли 2011 дар низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи самараноки иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ ва пешгирӣ аз зуҳуроти коррупсионӣ ва бархурди манфиатҳо технологияи нави кадрӣ роҳандозӣ гардид.
Бо ин мақсад бо Фармони ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2011, №1074 Қоидаҳои баргузории ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, дар асоси он ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ амалӣ гардид.
Бо гузашти солҳо дар заминаи таҷрибаи татбиқ ва натиҷагирӣ аз амалияи ин технологияи кадрӣ соли 2019 санади танзимкунандаи ротатсия дар таҳрири нав қабул шуд. Ҳоло ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи муқаррароти Қоидаҳои баргузории ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2019, №1328 тасдиқ карда шудааст, сурат мегирад.
Кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин хизматчиёни давлатии сиёсӣ, хизматчиёни давлатии маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чорум буда, роҳбарии умумӣ ё бевоситаи мақомоти давлатӣ ё воҳидҳои сохтории онро анҷом медиҳанд. Яке аз хусусиятҳои ҷойивазкунии қоидаҳои мазкур ба кадрҳои роҳбарикунандаи категорияҳои олӣ, якум ва дуюми мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқ мегардад.
Қоидаҳои мазкур нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ, хизматчиёни давлатии маъмурии категорияҳои сеюм, чорум, кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, кадрҳои роҳбарикунандае, ки то синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будани онҳо то ду сол мондааст, татбиқ намешавад.
Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ин бо риояи талаботи тахассусӣ таъин кардани кадрҳои роҳбарикунанда ба дигар мансаби баробари хизмати давлатӣ дар ҳамон мақомоти давлатӣ ё дар дигар мақомоти давлатӣ буда, бо мақсадҳои муайян ҷараён мегирад.
Муҳаққиқон мақсадҳои ротатсияи кадрҳои роҳбарро ба ду гурӯҳ-ташкилӣ ва ҳавасмандкунӣ ҷудо менамоянд. Дар асоси банди 3 Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойивазкунӣ бо мақсади истифодаи самараноки неруи касбии хизматчиёни давлатӣ, таҳкими иқтидори кадрии мақомоти давлатӣ ё воҳидҳои сохтории онҳо, иҷрои супоришҳои махсусан муҳими давлатӣ: тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунанда, иваз шудани ҷои зисти доимии кадрҳои роҳбарикунанда, таъин (интихоб) гардидани яке аз ҳамсарони дар хизмати давлатӣ фаъолияткунанда ба мансаб дар дигар маҳал ва пешгирии ҳолатҳои эҳтимолии содиркунии амалҳои коррупсионӣ ё бархурди манфиатҳо баргузор мешавад.
Қоидаҳои мазкур принсипҳои асосии ҷойивазкуниро муайян намудааст, ки онҳо ҷойивазкунӣ ба мансабҳои категорияҳои баробар бидуни озмун, ҷойивазкунии хизматчии давлатӣ ба мансабҳои давлатии мувофиқ, ҷойивазкунӣ бо назардошти риояи талаботи тахассусӣ ва натиҷаи кор, шаффоф ва холисона гузаронидани ҷойивазкунӣ ва таъмини кафолат ҳангоми баргузории ҷойивазкунӣ мебошанд.
Хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи қонунгузории соҳавӣ ба ҷойивазкунӣ фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин, ҷойивазкунии хизматчиёни давлатие, ки таъини онҳо хусусияти дуҷониба дорад, бо риояи қоидаҳои мазкур амалӣ карда мешавад.
Ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда бо қарори дахлдори роҳбари мақомоти давлатӣ дар панҷ сол як маротиба баргузор мешавад. Ҷойивазкунӣ дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ шуда метавонад.
Ҷойивазкунии дохилиидоравӣ ин ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда дар ҳамон мақомоти давлатӣ аз як мансаб ба дигар мансаби баробар буда, байниидоравӣ ин ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда аз як мақомоти давлатӣ ба дигар мақомоти давлатӣ ва аз як мансаб ба дигар мансаби баробар мебошад.
Ҷойивазкунӣ хусусиятҳои хоси худро дорад. Аз ҷумла ба маҳали дигар ҷой иваз намудани хизматчиёни давлатии маъюб, инчунин шахсоне, ки ба тарбияи кӯдакони синни то 14, нигоҳубини падар ё модари танҳо машғуланд, шахсоне, ки кӯдакони маъюб доранд ва ё дар табобат мебошанд, танҳо бо розигии онҳо баргузор карда мешавад.
Ҷойивазкунии занони ҳомила ва шахсони дар рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак қарордошта, пас аз як соли аз рухсатӣ баргаштани онҳо ҷараён мегирад. Дар маҳалҳои баландкӯҳ ва маҳалҳои дорои шароити номусоиди табиӣ, иқлимӣ ва экологӣ бошад, ҷойивазкунӣ метавонад то ба охир расидани муҳлатҳои муқаррар гардида гузаронида шавад.
Бо хизматчиёни давлатие, ки таҳти ҷойивазкунӣ қарор мегиранд, тибқи тартиби муқарраргардида шартнома (қарордод)-и меҳнатӣ баста мешавад.
Дар мақомоти давлатӣ ташкил ва баргузории ҷойивазкунӣ ба зиммаи хадамоти кадрӣ буда, онҳо вазифадоранд, рӯйхати кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатиро, ки дар соли минбаъдаи тақвимӣ ба ҷойивазкунӣ фаро гирифта мешаванд, таҳия намуда, онҳоро дар муҳлати як моҳ, то санаи баргузории ҷой- ивазкунӣ хабардор намоянд.
Ҳамасола мониторинги натиҷаи ҷойивазкуниро гузаронида, рӯйхати кадрҳои роҳбарикунандаро, ки дар соли ҷорӣ ба ҷойивазкунӣ фаро гирифта шудаанд, ба роҳбари мақомоти давлатӣ пешниҳод мекунанд.
Дар ҳолати тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабии шахсони ба ҷойивазкунӣ фаро гирифташуда онҳо ба курси тайёрии назариявӣ ва таҷрибавии такмили ихтисоси мутобиқ ба вазифаҳои воҳиди сохтории нав ҷалб карда мешаванд.
Хароҷот барои шахсоне, ки тибқи ҷойивазкунӣ ба маҳалли дигар фиристода шудаанд, ҷуброн мегардад. Дар сурате, ки дар ҷои кори нав ба хизматчии давлатӣ ва аъзои оилаи ӯ манзили истиқоматӣ ҷудо карда нашавад, манзили ишғолнамудаи онҳо дар хонаҳои фонди манзили давлатӣ нигоҳ дошта мешавад.
Роҳбарони мақомоти давлатӣ барои баргузории ҷойивазкунӣ масъулияти шахсӣ дошта, баҳсҳои вобаста ба гузаронидани ҷойивазкунӣ аз ҷониби роҳбари мақомоти давлатӣ якҷоя бо кумитаи иттифоқи касаба, мақомоти болоӣ, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ё бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
Ҳабибулло РАҲИМОВ,
муовини сардори раёсат-
сардори шуъбаи кадрҳо ва
корҳои махсуси раёсати ҳуқуқ ва сиёсати
кадрҳои ВММША ҶТ