img
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: ДАСТОВАРДҲО ВА ҲИФЗИ ОНҲО

Яке аз дастовардҳои беназири даврони Истиқлолияти давлатӣ, ин пайдоиш ва рушди босуботи ниҳодҳои шарикии иҷтимоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистони навин маҳсуб меёбад, ки раванди рушдёбии муназзаму фаъолияти густурдаи онҳо таҳти авомили зерин бомаром идома дорад:

- тағйир ёфтани шаклҳои ташкили меҳнат ва хусусиятҳои муносибатҳои байниҳамдигарии кормандон ва кордиҳандагон дар раванди истеҳсолот;

- тақвият ёфтани сатҳи муттафиқии байни иттифоқҳои касаба ва кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат;

- сиёсати фаъолонаи иҷтимоии давлат;

- маҷмӯи тадобири идоракунии демократии ҷомеаи навини Тоҷикистон.

Воқеан ҳам дар 31 соли Истиқлолияти давлатӣ, ки аз нигоҳи таърих як марҳалаи ниҳоят кӯтоҳ мебошад, се ниҳоди шарикии иҷтимоӣ:

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон,фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад;

- Федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрӣ, ки шаҳрвандонро вобаста ба манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳояшон муттаҳид менамояд;

- Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ташкилоти ғайритиҷоратие, ки корфармоён ихтиёрона барои намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои аъзои худ дар доираи шарикии иҷтимоӣ таъсис медиҳанд, ба ҳайси ҷонибҳои фаъоли шарикии иҷтимоӣ таҳким ёфтанд.

Дар заминаи ҳамкории иштирокчиёни муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ шарикии иҷтимоӣ, ки ҳадафи он таъмини мутобиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, арзи ҳастӣ намуд ва батадриҷ рушд ёфт.

Ниҳодҳои шарикии иҷтимоӣ тавассути роҳандозӣ намудани  музокироту машваратҳо, таҳия, қабул ва татбиқи қарорҳои муштарак, ба имзо расонидани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба ҳаллу фасли масоили мубрами рӯзи кормандон, аз қабили танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ бо фарогирии масъалаи муқаррар намудани андозаи музди меҳнати онҳо, батадриҷ зиёд намудани даромади кормандон дар заминаи афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии истеҳсолот,  пешгирии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва мусоидат ба ҳалли ихтилофотҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини шуғли аҳолӣ мусоидат менамоянд.

Аз ҳақ намегузарем, агар гӯем, ки дар баланд гардидани сатҳи  музди миёнаи меҳнат (аз 0,92 сомонии соли 1995 то ба 1647,3 сомонии соли 2021) саҳми ниҳодҳои шарикии иҷтимоӣ низ назаррас мебошад.

Маҳз бо мусоидат ва дастгирии фаъолонаи яке аз ниҳодҳои шарикии иҷтимоӣ - Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 4 миллиону 800 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ёфта, беш аз 850 ҳазор нафар шаҳрвандон ба шуғл фаро гирифта шудаанд.

Ҷоизи зикр аст, ки сол то сол ширкати ниҳодҳои шарикии иҷтимоӣ дар раванди таҳия, тасдиқ ва татбиқи созишномаҳо, махсусан Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолонатар мегардад ва ин комилан табиист, зеро ки Созишномаи генералӣ фарогири манфиатҳои беш аз 2,5 миллион нафар шаҳрванди ҷумҳурии машғули шуғл дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мебошад.

Тибқи муқаррароти сархати дуюми моддаи 301-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, таҳти   №1329 Созишномаи генералӣ принсипҳои умумии сиёсати шарикии иҷтимоию иқтисодӣ, равандҳои асосии ҳамкорӣ ва уҳдадориҳои тарафайни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои иттифоқҳои касаба, дигар намояндагони кормандон ва иттиҳодияҳои умумиҷумҳуриявии корфармоёнро дар соҳаи шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, таъмини ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ, зиёд кардани даромади кормандонро вобаста ба муътадил гардидани вазъи иқтисодиёт муайян мекунад.

Таҳлили мазмун ва муҳтавои Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, (минбаъд Созишномаи генералӣ барои солҳои 2021-2023) ки 4 марти соли 2021 ба имзо расидааст ва даҳумин созишномаи генералӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад, нишон медиҳад, ки он бо фарогирии доираи васеи масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва меҳнатӣ комилан аз созишномаҳои пештара тафовут дорад.

Ниҳодҳои шарикони иҷтимоӣ баҳри ноил гардидан ба рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ба Созишномаи генералӣ барои солҳои 2021-2023 дар қатори дигар чорабиниҳо амалӣ намудани тадбирҳои зайлро зарур шуморидаанд:

- афзоиш додани маблағҳои фондҳои захиравӣ, ба монанди фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт;

- тақвият бахшидани низоми хизматрасонии электронӣ ба андозсупорандагон;

- муайян намудани механизми нархгузории ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ.

Дар соҳаи беҳсозии фаъолияти сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ бошад, дар баробари дигар воситаҳо татбиқи тадбирҳои зерин ба мақсад мувофиқ дониста шудааст:

- амалигардонии пайдарҳамии сиёсати кам кардани монеаҳои маъмурии пешбурди тиҷорат;

- мукаммалгардонии заминаи ҳуқуқии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароит барои дастёбии субъектҳои соҳибкорӣ ба бозорҳои байналмилалии мол, кор ва хизматрасониҳо;

- такмили низоми таҳсилоти миллии соҳибкорӣ барои омӯзиш ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси рақобатпазир дар соҳаҳои гуногун;

- рушди соҳибкории хурд дар деҳот ва ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ дар асоси истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва коркарди маҷмӯавии маҳсулоти кишоварзӣ;

- дастгирӣ ва рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сода намудани расмиёти сертификатсиякунонии молу маҳсулоти ҳатман сертификатсияшаванда.

Бо назардошти нақши боризи илму инноватсия дар рушдёбии иқтисоди ватанӣ, ҳамзамон бо татбиқи дигар тадбирҳо, иҷрои вазифаҳои зайл ба миён гузошта мешавад:

- рушди иқтисоди миллӣ дар асоси илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ;

- ҷорӣ намудани натиҷаи корҳои илмӣ дар истеҳсолоти ватанӣ, татбиқ намудани таҷрибаҳои инноватсионӣ дар амал ва рушди илмҳои дақиқ дар кишвар;

- таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ҷиҳати дастгирӣ ва муайянкунии афзалияти иштироки молистеҳсол-кунандагони ватанӣ дар тендерҳо (фурӯш, хариди мол, кор ва хизматрасонӣ);

- инкишофи малакаҳои маркетингӣ ва касбии кормандони соҳаи кишоварзӣ;

- гузариш аз монокултура ба диверсификатсия ва агробиодиверсификатсия, ҷорӣ намудани зироатҳои имконпазир (ба хушкӣ ва касалиҳо тобовар);

- роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои таъсиси системаи ягонаи баҳисобгирии автоматикии неруи барқ .

 Номгӯйи нопурраи тадбирҳои татбиқшавандаи Созишномаи генералӣ барои солҳои 2021-2023 нишон медиҳад, ки санади мазкур натиҷаи муколамаи иҷтимоии дар заминаи машварату маслиҳат ва мубодилаи афкори воқеъбинонаи шарикони иҷтимоӣ: намояндагони ҳукумат, корфармоён ва иттифоқҳои касаба оид ба масоили мубрами иқтисодӣ- иҷтимоии ҷумҳурӣ мебошад.

Аз тарафи дигар, масъалаҳои музди меҳнат, даромадҳо ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди бозори меҳнат ва шуғли пурмаҳсул, ҳифзи иҷтимоӣ, кафолатҳо ва суғуртаи иҷтимоӣ, ҳифзи  меҳнат, рушди сайёҳӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва шарикии иҷтимоӣ, ки қисматҳои алоҳидаи Созишномаи генералии мазкурро ташкил медиҳанд, бори дигар собит месозанд, ки тарафҳои шарикии иҷтимоӣ рисолати худро дар назди аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ба хубӣ, воқеъбинона, дарк мекунанд ва барои боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ саъю талоши пайгирона доранд.

Махсусан, рушди сайёҳӣ ҳамчун қисми алоҳидаи Созишномаи генералӣ барои солҳои 2021-2023 ҷоизи қайд аст. Рушди сайёҳӣ имкон медиҳад, ки масъалаҳои зайли ҷомеаи мо ҳаллу фасл гарданд:  дар ҷумҳурӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд; аз ҳисоби бунёди инфрасохтори муосири хизматрасонӣ сохтмону меъморӣ рушд меёбанд; тавлидоту содироти мева рӯ ба афзоиш мениҳанд; сайёҳӣ яке аз роҳҳои самарабахши ҷалби сармоягузорон ба иқтисоди ҷумҳурӣ мегардад; аз ҳисоби ширкатҳои нави сайёҳӣ теъдоди андозсупорандагон низ зиёд мегардад; табиати биҳиштосои Тоҷикистон тавассути сайёҳон ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад; сайёҳӣ барои ҳифзи муҳити зист манфиатовар мегардад.

Боиси қаноатмандист, ки аз ибтидои давраи соҳибистиқлолӣ то кунун ниҳодҳои шарикии иҷтимоӣ дар  заминаи устувори қонунгузорӣ ва муҳити босуботи сиёсӣ ташаккул меёбанд.

Барои рушди минбаъдаи ниҳодҳои мазкур заминаи зарурии ҳуқуқӣ вуҷуд дорад, иттифоқҳои касаба ҳамчун намояндагон ва ҳифозатгари манфиатҳои кормандон амал мекунанд, синфи соҳибкорон рушд дорад ва  давлат ҳамчун миёнарав дар муносибатҳои байни кормандони кироя ва кордиҳандагон баромад мекунад.

Тавре ки мебинем, дар замони Истиқлолияти давлатӣ ниҳодҳои шарикии иҷтимоӣ воқеан ҳам таҳким ёфтаанд ва саҳми онҳо дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва таъмини ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон хеле назаррас мебошад.

Рушду такомули фаълияти муштараку самарабахши ниҳодҳои шарикии иҷтимоӣ, ки яке аз дастовардҳои беназири даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, садди устуворе зидди шомилшавии аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад, рисолати азалии давлати демокративу ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

Иҷрои ин вазифаи мубрами рӯз дар сархати сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

 


                                   Хоркашов С.П.,

                           мудири шуъбаи Муассисаи давлатии

                        "Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ" - и

                           Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

24.08.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ