Имсол мову шумо бузургтарин ва арзишмандтарин ҷашни давлатӣ ва миллиамон, 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиш, бо дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таҷлил менамоем. Сараввал, аз фурсати муносиб истифода намуда, кулли ҳамкасбон ва ҳамватанони гиромиро бо ин санаи фархунда самимона табрику таҳният менамоям.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ миллати мо имкон пайдо кард, ки дастовардҳои таърихии худро эҳё намуда, барои таҳкими минбаъдаи пояҳои асосии давлатдорӣ, ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлоламон қадамҳои устувор гузорад. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, муҳоҷират, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, рушди низоми омодасозии мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат, таълими калонсолон ва ҳунармандӣ анҷом медиҳад.
Дар тули соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо, созишнома ва ёддоштҳои ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷ қабул гардиданд.
Дар ин муддат Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ду маротиба), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, “Дар бораи ҳунармандӣ”, “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат”, қабул гардидаанд, ки ин санадҳо ба сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири мусбӣ мерасонанд.
Инчунин, қабулу татбиқи Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумуҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардидаанд.
Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, 30 июни соли 2023 қабул гардида, унсури татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастёбӣ ба ҳадафу вазифаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 маҳсуб меёбад. Оид ба хусуиятҳои хоси ин стратегия ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки бори аввал дар доираи як стратегия раванди танзими тамоми намудҳои муҳоҷирати аҳолӣ (муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати хориҷӣ, муҳоҷирати дохилӣ, муҳоҷирати экологӣ, кор бо гурезаҳо ва паноҳандагон) амалӣ карда мешавад. Татбиқи Стратегия дар шаш марҳила солҳои 2023-2025 (якум), солҳои 2026-2028 (дуюм), 2029-2031 (сеюм) 2032-2034 (чорум), 2035-2037 (панҷум) ва 2038-2040 (шашум) амалӣ карда мешаванд.
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ як қатор созишнома ва ёддоштҳои ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷ ба тасвиб расидаанд, ки якчандтои онҳоро муаррифӣ менамоем.
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз соли 2013;
- Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз соли 2017;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия аз соли 2019;
- Созишнома дар бораи ҳамкории дутарафа байни Вазорати меҳнат, ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Беларус аз соли 2004;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Беларус аз соли 2016;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон кор мекунанд, дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар ҳудуди ҶумҳурииТоҷикистон кор мекунанд аз соли 2006;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз соли 2018;
- Созишнома дар бораи ҳамкории тарафайн байни Вазорати меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2002;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират аз соли 2018;
- Созишнома байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз соли 2016;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ аз соли 2018;
- Созишнома байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва шуғли Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнат;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ аз соли 2012 ва ниҳоятан дастоварди охирони вазорат, ки 08.08.2024 ба имзо расонид, ин
- Ёддошти ҳамкорӣ байни вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва некуаҳволӣ, Агентии миллии пулиси Ҷопон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи асосҳои заминавии ҳамкории иттилоотӣ ҷиҳати роҳандозии низоми захираҳои инсонии ҳориҷии дорои мақоми “коргари соҳибтахассуси махсус”. Япония нақша дорад, ки дар тули панҷ соли оянда шумораи хориҷиёнеро, ки ҳуқуқи гирифтани раводиди мутахассиси соҳибтахассусро доранд, ду баробар афзоиш диҳад, яъне то ба 800 000 нафар расонад. Чунин ёддоштро Япония бо 26 давлати ҷаҳон ба имзо расонидааст. Аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ танҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Тибқи ин барнома, айни замон талабот барои 12 намуди соҳа дар Япония мавҷуд аст. Ҳукумати Япония нақша дорад, ки боз чаҳор соҳаи дигар- нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, хоҷагии ҷангал ва коргари чӯбро ба ин барнома ҳамроҳ намояд.
Дар интиҳо бояд ҳаминро гӯям, ки вазорат ҷиҳати таҳия намудани санадҳои меъёри ҳуқуқӣ баҳри беҳбудии соҳа кӯшиш ба харҷ дода истодааст ва дар оянда низ корҳоро дар ин самт ҷоннок хоҳад кард. Боз метавон гуфт, ки раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо низ дар баробари дигар сохторҳои вазорат тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона месозад, то ҳадафҳои пешгирифтаи имрӯзаи давлату Ҳукумат ва вазоратро сари вақт ва бо сифати хуб амалӣ намояд. Ҷашни Истиқлоли давлатӣ поянда бод, ҳамксабони гиромӣ!