img
Истифодаи меҳнати кӯдакон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Имрӯз, 10 июни соли равон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак, ки ҳамасола 12 июн дар тамоми ҷаҳон доир мегардад, ҳамоиш баргузор шуд.

Дар оғози ҷаласа муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак Маҳмадуллозода Нурулло иброз дошт, ки мубориза бо меҳнати кӯдак масъалаи рушд аст ва мутобиқи сиёсати пешгирифта яке аз афзалиятҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои давлатӣ дар пешбурди масоили ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дониста мешаванд.

Масъалаи ҳифзи кӯдакон ба Низомномаи ТБМ аз оғози ташкилёбиаш - соли 1919 ворид карда шудааст.

Яке аз Конвенсияҳои аввалине, ки ТБМ қабул намудааст, ин Конвенсия дар бораи синни ҳадди аққали қабул ба кор дар истеҳсолот мебошад. Аз 17 Ҳадафҳои рушди устувор як масъала «қабули чораҳои фаврӣ ва самаранок барои аз байн бурдани меҳнати маҷбурӣ, ғуломдории муосир ва савдои одамон, барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва то соли 2025-ум аз байн бурдани меҳнати кӯдакон» муайян гардидааст.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, системаи мониторинги меҳнати кӯдак, назорати он ва дигар роҳҳои таъсирасонро дар ин самт татбиқ намуда истодааст. Тибқи таҳлилҳо истифодаи меҳнати кӯдакон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Дар рафти нишасти мазкур Бобоҷонзода Миҷгона - муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷуҳурии Тоҷикистон, Файзизода Исмоил - муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акрамов Айёмбек - муовини раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аминов Собир - ҳамоҳангсози Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар Тоҷикистон, Шамсиддинов Салоҳиддин - масъули Барномаи ҳифзи кӯдаки Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ва дигар коршиносони соҳа маърӯза ва суханронӣ намуда, ҷиҳати тақвияти фаъолияти ҳама сохторҳо дар самти барҳам додани меҳнати кӯдакон, ҳифзи иҷтимоии онҳо,ҷалби онҳо ба таҳсил, дастгирии иҷтимоӣ ва иқтисодии оилаҳои осебпазир таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд.

10.06.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ