Дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ масъалаҳои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
Дар паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромадҳо дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаву машваратҳои корӣ дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ ба масъалаҳои болозикр диққати махсус зоҳир гардида, ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ, такмил ва пурқувват намудани сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супоришҳои мушаххас дода мешуд.
Диққати махсуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шуда буд.
Дар натиҷа, аз соли 1995 то ба 1 августи соли 2022 дар ҷумҳурӣ музди миёнаи меҳнат аз 0,92 сомонӣ ба 1711,3 сомонӣ баробар шуда, 18 маротиба бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши вазифавии кормандони буҷетӣ зиёд карда шуд, ки ин омил ба сатҳи зиндагии аҳолии кишвар таъсири мусбии худро гузошт.
Музди миёнаи меҳнат дар солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015, 2020 ва ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ мутаносибан 0,92 сомонӣ, 15,5 сомонӣ, 83,5 сомонӣ, 354,4 сомонӣ, 878,9 сомонӣ, 1335,5 сомонӣ ва 1711,3 сомониро ташкил намуд.
Музди миёнаи меҳнат ба 1 августи соли 2022 нисбат ба соли 2000 дар соҳаҳои маориф аз 11,5 сомонӣ ба 1375,8 сомонӣ, тандурустӣ аз 6,7 сомонӣ ба 1076,1 сомонӣ, мудофиа ва суғуртаи иҷтимоӣ аз 23,8 сомонӣ ба 1425,2 сомонӣ, нақлиёт аз 30,9 сомонӣ ба 2268,1 сомонӣ, сохтмон аз 38,9 сомонӣ ба 2562,9 сомонӣ, саноат аз 47,1 сомонӣ ба 2262,9 сомонӣ баробар шуд.
Ба ҳолати 1 августи соли 2022 нисбат ба соли 2000 музди миёнаи меҳнат дар соҳаҳои маориф 120,0 маротиба, тандурустӣ 160,6 маротиба, мудофиа ва суғуртаи иҷтимоӣ 53,9 маротиба, нақлиёт 63,4 маротиба, сохтмон 65,8 маротиба, саноат 48 маротиба ва кишоварзӣ 88,3 маротиба афзоиш ёфт.
Ба ҳолати 1 августи соли 2022 нисбат ба соли 2000 музди миёнаи меҳнат дар ВМКБ 123,8 маротиба, вилояти Хатлон 130 маротиба, вилояти Суғд 119,3 маротиба, шаҳри Душанбе 80,1 маротиба ва ШНТҶ 57,8 маротиба зиёд гардид.
Агар дар соли 1998 андозаи ҳадди ақали музди меҳнат 1 сомониро ташкил дода бошад, айни замон андозаи он ба 600 сомонӣ расид.
Аз соли 1996 то соли 2022 бо мақсади таъмин намудани мутобиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳоқимияти давлатӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони иҷтимоӣ ба имзо расонида шуда, ҷиҳати назорати онҳо Комиссияи сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар натиҷаи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва барномаҳои миёнамуҳлати мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ки таҳти назорати бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд, сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ аз 83 фоизи солҳои 90-ум ба 26,3 фоиз коҳиш дода шуд.
Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба танзим ва муқаррар намудани меъёри арзиши сабади истеъмолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Арзиши сабади истеъмолӣ ба ҳолати 1 июли соли 2022 барои аҳолӣ 1091,2 сомониро ташкил дода, даромади пулии аҳолӣ аз 185,1 млн. сомонӣ дар соли 1996 ба 81 279,4 млн. сомонӣ дар соли 2022 баробар шуд. Даромади ҳар нафари аҳолӣ ба ҳисоби миёна аз 7,25 сомонӣ дар соли 1998 ба 684,5 сомонӣ дар соли 2021 расонида шуда, хароҷот ва пасандозҳои аҳолӣ аз 175,1 млн. сомонӣ дар соли 1996 ба 92 877,8 млн. сомонӣ дар соли 2021 баробар шуд. Дар ин давра хароҷоти истеъмолии як аъзои хонавода дар як моҳ аз 6,23 сомонӣ ба 781,8 сомонӣ баробар гардид.
Нишондиҳандаҳои болозикр аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бемайлон рушд ёфта, шароити арзандаи зиндагӣ таъмин шуда истодааст.
Масъалаҳои рушди бозори меҳнат ва бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
Натиҷаи ҳамин буд, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо ташкили сохторҳои он дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шуд.
Бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самтҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ 3 қонун, як стратегия, ду консепсия ва зиёда аз 20 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Бо фароҳам омадани заминаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ имконият ба даст омад, ки рушди нишондиҳандаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъмин карда шавад.
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи захираҳои меҳнатӣ 2,2 маротиба, шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол ва аҳолии машғули кор 1,2 маротибагӣ афзоиш ёфт.
Дар ин давра аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 851,3 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ҷойҳои корӣ таъмин гардида, 2,5 млн. нафар шаҳрвандон ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 70 фоизи бекороне, ки расман мақоми бекорӣ гирифта буданд, бо ҷойи кор таъмин карда шуд.
Ҳамчунин, дар ҳамин давра зиёда аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандон ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуда, 60 ҳазор нафар аз қарзҳои имтиёзнок барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкории хурд бархӯрдор гардиданд.
Яке аз дастоварди муҳим дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, ин ташаккул ёфтани заминаи меъёрию ҳуқуқии системаи таҳсилоти касбии калонсолон ба ҳисоб рафта, дар минтақа беназир мебошад.
Дар давраи аввали роҳандозии низоми мазкур ҳамагӣ 5 Марказҳои таълими касбии калонсолон таъсис ёфта буд. То ин давра шумораи Марказ, намояндаҳо ва филиалҳои он дар минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 75 адад расонида шуда, дар ин муассисаҳо зиёда аз 310 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯ, ки 60 фоизи онҳоро занону духтарон ташкил медиҳад ба таври ройгон ба тайёрии касбӣ ҷалб карда шуданд.
Дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар қариб 5 миллион ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд.
Ҳамин тавр, маҳз дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми муназзами фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташкил карда шуд, ки он дорои заминаи мустаҳками моддию техникӣ ва неруи кадрӣ буда, барои босамар таъмин намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар ибтидои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуда, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин заминаҳои меърии ҳуқуқӣ дар самти мазкур омода карда шуд.
Дар ин давра, дар маҷмуъ, беш аз 30 санади меърии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, як қонун, як Стратегия, ду Консепсия, ду барномаи давлатӣ ва як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои гуногун, ки ба паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ равона шуда будаанд, дар соли 2019 раванди муҳоҷирати шаҳрвандони кишвар ба хориҷа нисбат ба соли 2013 дар сатҳи 33,7 фоиз коҳиш ёфт.
Ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ташкили хизматрасонии давлатӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтар, Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ва филиалҳои он дар минтақаҳо, инчунин Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия оид ба муҳоҷират таъсис дода шуд.
Ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар ин давра 3 созишномаи байниҳукуматӣ бо Федератсияи Россия, 4 созишнома бо Ҷумҳурии Қазоқистон, як созишнома бо Ҷумҳурии Беларус ва ёддоштҳои тафоҳум бо Амороти Муттаҳидаи Араб, Корея ва Давлати Қатар ба имзо расонида шуд.
Бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир робита бо диаспораи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфта, онҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи давлати Тоҷикистон дар хориҷ, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик бештар ҷалб карда шуданд.
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, соҳибкорон, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, ҷалб ва сафарбар намудани онҳо барои таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар қабул гардид. Илова бар ин, дар дастгоҳи марказии вазорат бо мақсади танзими ин масъала шуъбаи кор бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ таъсис дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шароити кунунӣ яке аз зинаҳои афзалиятноки таҳсилоти касбӣ дар ҷумҳурӣ буда, барои баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ ва соҳибкасб намудани шаҳрвандон саҳми босазо мегузорад.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо аз рӯи 14 самт ва 97 ихтисос барои иқтисодиёти миллӣ кадрҳои коргарӣ тайёр карда мешаванд.
Дар давоми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидои касбӣ корҳои зиёд ба сомон расонида шуд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг (соли 1993), Литсейи касбии техникии ноҳияи Сангвор (соли 1995), Литсейи касбии техникии ноҳияи Деваштич (соли 2001), Литсейи касбии техникии ноҳияи Фархор (соли 2001), филиали Литсейи касбии махсуси маъюбон дар ноҳияи Рӯшон (соли 2012) ва Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара (соли 2019) таъсис дода шуд.
Тайи солҳои 2014-2019 қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 89 ҳазору 199 нафарро ташкил дод.
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро дар 7 соли охир 87577 нафар хонанда аз рӯи 97 ихтисос хатм намуданд, ки 22613 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Дар ин муддат, дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат 66298 нафар (21813 духтар) шаҳрвандони кишвар аз рӯи 57 ихтисос ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд.
Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои бо сифат амалӣ намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии хонандагон 1722 нафар омӯзгор ва 1004 нафар устои таълими истеҳсолӣ фаъолият доранд.
Дар давоми солҳои 2014-2020 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 12 озмоишгоҳи фанҳои физика ва химия, 8 сехи қолинбофии дастӣ, 2 сехи алочабофӣ, 10 сехи адрасбофӣ, 4 сехи дӯзандагии замонавӣ, 3 устохонаи сартарош ва ороиши мӯй, 1 сехи заргарӣ, 1 сехи кошинкорӣ, 4 сехи коркарди чӯб, 10 сехи кафшергарӣ, 18 синфхонаи компютерӣ бо компютерҳояш, 12 бунгоҳи тиббӣ, 4 толори маҷлисӣ ва 4 майдончаи варзишӣ ташкил карда шуданд.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси машваратӣ доир ба вазъи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, “Нақшаи миллии фаъолият оид ба ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015” таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, №227 тасдиқ гардид.
Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ, тайёр намудани кадрҳои коргарӣ тибқи талаботи иқтисоди миллӣ соли 2012 “Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2012-2020” таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар муддати панҷ соли оянда соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони синну соли аз 18-сола боло “Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” таҳия шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020, №132 вазорат ҳамчун мақоми ваколатдор дар соҳаи ҳунармандӣ эътироф гардид.
Тибқи талаботи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” ва бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳаи ҳунармандӣ “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расонида шуд.
Дар ин самт, дар заминаи 45 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ва Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир ташкил карда шуданд ва фаъолияти онҳо аз оғози соли 2021 шуруъ гардид.
Татбиқ намудани барномаҳои болозикр имконият медиҳанд, ки соҳаҳои таҳсилоти касбӣ ва ҳунармандӣ рушд ёфта, барои соҳибкасб намудани шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, занону духтарони хонашин, табақаи осебпазири аҳолӣ мусоидат намояд.
Ҷиҳати идомаи ислоҳот дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва бо китобу таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин намудани онҳо бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021 ба ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ аз ҳисоби аъзои Парлумон, роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ сарпарастон муайян гардидаанд, ки то ҳол аз ҷониби онҳо корҳои муайян ба сомон расонида шудааст.
Дар гузориши мазкур танҳо натиҷаҳое, ки бо заҳмати шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба даст оварда шудаанд, дарҷ гардидаанд.
Гузориши муфассал оид ба чораҳои андешидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ин нишондодҳо дар силсилаи мақолаҳо, ки дар нашрияи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шуғл ва муҳоҷират “ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон эъмори рушди соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ” чоп мегарданд, шинос шуда метавонед.
Дар интиҳо миннатдории роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Вазоратро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии доимии рушди соҳаҳои Вазорат изҳор намуда, ба Пешвои муаззами миллат ва пайвандонашон ба шарафи Рӯзи забони давлатӣ ва 70 солагии умри пурбаракаташон хушбахтиву сарбаландӣ ва пирӯзиҳои нав ба нав таманно менамоем.
Раҳмонзода Абдулғаффор
Муовини якуми Вазири меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон