img
Вохурии  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора  Кенҷа  бо  Ҳамоҳангсози навтаъини Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ  ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ибраҳим  Этхем  Унал

Имруз вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора  Кенҷа  бо  Ҳамоҳангсози навтаъини Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ  ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ибраҳим  Этхем  Унал баргузор гардид.

 

Муҳтавои вохӯрии мазкур барои рушди соҳа, аз ҷумла  мубодилаи таҷриба дар самти сиёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, низоми меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, барқарорсозии касбии маъюбон, ташкили назорати системаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, мониторинги рушди бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва касбомӯзӣ барои бекорон равона шудааст.

 

Дар ҳамкорӣ бо ТИКА дар МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» синфхонаҳои компютерӣ ва синфхонаи таълимӣ “Қаннодӣ”, “Тарабхонаи таълимӣ” ва “Кафшергари газию барқӣ” сохта, бо таҷҳизотҳои муосир таъмин карда шуданд.

 

Ҳамзамон дар ин давом китобхонаи Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ - методӣ ва мониторинги сифати таълим» ва Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» низ ба «Барномаи электронии низоми мониторинг» насб карда шуд.

 

 

20.10.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ