Дар Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо Наврӯз ҳар сол бо рангу ҷилои тоза ва замонавӣ таљлил мегардад. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо омодагии ҳамаҷониба баргузор гардид.
Дар чорабинии идона муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе ва МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”, дастовардҳо ва ҳунарҳои миллию муосирро ба намоиш гузошта, байни кормандон сохторҳои вазорат чорабиниҳои варзишӣ ташкил карда шуд.
Вазири меҳнат. муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода иштирокчиёни чорабинӣ ва аҳли кормандони вазорат ва сохторҳои онро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, фазилатҳои Наврӯзро ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо, ки дар тамоми марҳалаҳои ташаккули Наврӯзи Аҷам мукаммал гардида, на танҳо аҷдодони мо, балки кулли мардуми гуногунзабонро ба сўи амалҳои некбинонаи башарӣ ҳидоят кардааст, ёдовар шуд.
То оғози чорабинии фарҳангӣ дастаҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат аз рӯйи намудҳои варзиши волейбол, шашка (байни занон), бандкашӣ ва тениси рӯйи миз қувваозмоӣ карда, озмуни “Хуриши беҳтарин” гузаронида шуд ва зимни чорабинӣ ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Дар базмгоҳи наврўзӣ, ки дар саҳни вазорат ороста гашт, ташкили чорабиниҳои фароғатӣ, ба базмгоҳ омадани Маликаи наврўзӣ, оростани дасторхони идонаи «Ҳафт син» ва «Ҳафт шин», гулбазм, дигар бозиҳои хоси миллӣ ва омода кардани таомҳои наврўзӣ - суманак, кашк, далда ва ғайра шукӯҳу ҷалоли базмгоҳро бамаротиб афзуда буданд.
Дар ҷашни байналмилалии Наврўз санъаткорону сарояндагони МД “Ансабли ҷумҳуриявии “Лаъл” ва дигар ҳунармандони ҷумҳурӣ бо суруду таронаҳои дилангези баҳорона чорабинии идонаро ба маротиб дилработар намуданд.