Имрўз, 23 сентябри соли 2022, таҳти раёсати муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҳмадуллозода Нурулло дар мавзўи Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 бо иштироки корманди Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия – Раҳмонов Исмоилхон Абдусамадович бо кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он хониши идоравӣ баргузор гардид.
Раҳмонов И.А. қайд намуд, ки ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №265 Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 тасдиқ шудааст, ки як қатор чорбариҳоро ҷиҳати мубориза бо ҷинояткорӣ пешбинӣ менамояд. Мақсади асосии Барнома паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат тавассути такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба огоҳкунии кирдори зиддиҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамчунин бартараф намудани оқибатҳои манфии онҳо, ҷорӣ намудани навоварӣ, таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба кирдори ғайриҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҷовузи ҷиноятӣ иборат мебошад. Самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои хавфноки муосир - терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ бо дар назар доштани тамоюлҳои муосири ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд.
Яке аз роҳҳои паст намудани ҷинояткорӣ ин таъмини шуғли аҳолӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, ки аз ҷониби сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мазкур корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.
Дар хониши идоравӣ доир ба мавзўи мазкур саволу ҷавоб ва мубоҳиса сурат гирифт.