img
ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ

ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ
 
Давлат: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи лоиҳа: Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ
Рақами лоиҳа: P178878
Гранти №: E1600-TJ
Иҷрокунанда: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифа: Мутахассис оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) дар Гурӯҳи татбиқи лоиҳа

Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР)-и Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) барои татбиқи лоиҳаи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” маблағи грантӣ дастрас намуд. Ҳадафи лоиҳа дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи хонаводаҳои камбизоат ва осебпазир аз хавфҳо, мусоидат ба фарогирии иқтисодӣ ва беҳтар намудани низоми ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.
Лоиҳа аз ҷониби ду мақомоти иҷроия, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИА ҶТ) ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВММШ ҶТ) амалӣ карда мешавад.

Вазифаҳои умумии Мутахассис оид ба ТИК:

Мутахассиси технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) ба ГТЛ-и ВММҲ ҶТ дастгирии техникӣ ва ташкилӣ бояд расонад. Сифати таҷҳизоти пешниҳодшударо таъмин намуда, назорат аз болои корҳоеро, ки дар ҷараёни таҳияи Системаи иттилоотии бозори меҳнат (СИБМ) анҷом дода мешавад, таъмин намуда, инчунин дар муҷаҳҳаз гардонидан ва ба истифода додан ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати меҳнат ва муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ мусоидат бояд кард. Мутахассис бояд ба танзими системаи иттилоотӣ назорат карда баҳисобгирӣ ва нигоҳдории таҷҳизотро таъмин кунад, рафти корро назорат кунад ва ҳама корҳо ва маводҳоро ба шартҳои техникӣ ва маъмурии дар шартнома пешбинишударо риоя кунад. Инчунин мутахассис алоқаи байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдори лоиҳа хоҳад буд, то иртиботи муассир ва идоракунии лоиҳаро таъмин бояд кард. 

Талабот ва таҷриба:
•    Таҳсилоти олӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК), идоракунии маъмурият ё фанҳои марбута;
•    Таҷрибаи на камтар аз 3 сол дар соҳаи ТИК.
•    Малака дар таҳия ва идора намудани системаҳои ТИК ва мониторинги ҷобаҷогузории системаҳои нармафзор (software) ва сахтафзор (hardware);
•    Таҷриба ва дониши пешбурди сабти таҷҳизоти гуногуни ТИК ва корҳо/хизматрасониҳои марбута;
•    Дониши амалии идоракунӣ ва нигоҳдории мағзани маълумотҳо (database);
•    Малака дар идоракунии мағзани маълумотҳо ва иштирок дар тарҳрезӣ ва идоракунии системаҳои коркарди додаҳои корпоративӣ бартарӣ хоҳад дошт.
•    Малака дар тавсиф намудани мушаххасоти техникии таҷҳизоти ТИК бартарият хоҳад дошт;
•    Таҷриба дар лоиҳаҳое, ки аз ҷониби институтҳои молиявии байналмилалӣ маблағгузорӣ мешаванд, бартарӣ дорад.

Маълумоти муфассал ва шартҳои техникиро метавонед аз пайванди зерин дастрас намоед:

 

ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА КОММУНИКАТСИОНӢ 


Довталабон бастаи ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан бояд пешниҳод намоянд:
 
Ариза барои қабули ҳуҷҷат ба номи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
•    CV ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ (бояд маълумоти пурра дар бораи таҳсил ва таҷрибаи корӣ дошта бошад);
•    Тавсияномаҳо бо қайди рақамҳои тамос аз шахсони тавсиякунанда;
•    Нусхаи диплом дар бораи доштани маълумоти олӣ;
•    Нусхаи шаҳодатномаҳои таҳсилоти иловагӣ ё иштирок дар семинару тренингҳо;
•    Нусхаи шиноснома (ҷои бақайдгирӣ, ИНН).
 
Ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида бояд дар лифофаи пӯшида бо қайди вазифа ва номи номзад ба суроғаи зерин пешниҳод карда шаванд: ш. Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ 5/2, “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”.
 
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба суроғаи болозикр ва ё почтаи электронӣ: bsiyovush@gmail.com, jahonbek@gmail.com муроҷиат намоед
 
Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 4 марти соли 2024 то соати 15:00

19.02.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ