img
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ 5-УМИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА ТАТБИҚИ СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ ҶАЛБИ МУТАШАККИЛИ ШАҲРВАНДОН БА ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТИИ МУВАҚҚАТӢ

Дар асоси иҷроиши тавофуқҳое, ки дар чаҳорчӯби мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия - Сарвазири Чумхурии Точикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Сарвазири Федератсияи Россия М.Ш. Хуснуллин (дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ) гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм ва корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафарбар гардиданд.

Дар доираи сафар 15 август ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия баргузор гардида, масъалаи амалишавии Созишномаи мазкур, рафти иҷроиши тавофуқҳои мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 июни соли 2023, ш. Душанбе), ҷоннок намудани ҳамкориҳо дар самти ҷалби муташаккил, аз ҷумла дар масъалаҳое, ки қабули қарори дуҷонибаро талаб менамояд, рафти интихоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби муташаккилона ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҶСК «АВТОВАЗ», ташкили марказҳои таълимӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муассисаҳои таълимии Россия барои омӯзонидани муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Россия аз рӯйи ихтисосҳое, ки дар бозори меҳнати Россия талабот доранд ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифт.

Бо дарназардошти иқомати аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Россия масъалаи ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия аз мавзуъҳои калидии музокироту гуфтушунидҳо бо роҳбарони олии Федератсияи Россия мебошад.

Аз соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мавриди амал қарор дорад.

Бо назардошти вазъи воқеъӣ ва зарурати фароҳам овардани шароитҳои ҷолиб барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи муташаккилона сафарбар мегарданд, лоиҳаи пешниҳоднамудаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаи мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ баррасӣ гардид.

Тибқи иттилои ҷониби Россия, дар асоси тағйироти нав ба қонунгузорӣ аз 8 январи соли 2024 тартиби назорати супоридани огоҳиномаҳо ҷиҳати ба фаъолият шуруъ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дучанд шуда, аз ҷониби коргар, дар давоми 60 рӯз ва корфармо, дар муҳлати 3 рӯзи тақвимӣ бояд ҳуҷҷатҳо дар алоҳидагӣ ба мақомотҳои дахлдор супорида шаванд.

Барои сабукии кор имконияти супоридани огоҳиномаҳои мазкур дастрас буда, метавон тариқи портали “Госуслуги” ирсол карда шавад.

Дар фарҷоми ҷаласа «Харитаи роҳ» байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Россия ба имзо расид, ки дар он тадбирҳои мушаххас оид ба татбиқи Созишномаи мазкур ва муҳлатҳои иҷроиши онҳо пешбинӣ шудаанд.

Дар доираи сафар вохӯрии гурӯҳи корӣ бо Иванков Михаил Юревич - сардори Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Россия баргузор гардид.

Ҷонибҳо оид ба мувофиқаҳои бадастомада зимни баргузории ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи корӣ ибрози назар намуда, ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ ва тезонидани муҳлати иҷрои онҳо дастурҳо доданд.

Дар рафти мулоқот, ҳамчунин масъалаи омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, ташкил ва такмили таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ба талаботи бозори меҳнати Россия ҷавобгӯ ва эҳтимоли омӯзиши касбии онҳо аз ҷониби корфармоёни Федератсияи Россия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.

    Ҳамчунин, гурӯҳи корӣ аз Коллеҷи нақлиёти автомобилии №9, ки мутахассисонро аз руйи ихтисоси “Устои таъмир ва нигоҳубини автомобилҳо” омода менамояд, дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса 15 нафар аз кишварҳои ИДМ таҳсил менамоянд ва 9 нафари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дар коллеҷи мазкур таҳсил аз рӯйи ихтисосҳо тариқи шартномавӣ ва буҷавӣ роҳандозӣ гардида, барои муҳоҷирони меҳнатӣ имконияти таҳсили шабона фароҳам оварда шудааст.

Зимни мулоқот бо роҳбарияти муассиса масъалаи таъсиси филиали маркази таълимии мазкур дар заминаи яке аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзонидани муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Россия аз рӯи ихтисосҳое, ки дар бозори меҳнати Россия талабот доранд, баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва роҳандозии чорабиниҳо ба мувофиқа расида, Харитаи роҳи тасдиқгардида ва Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсисдиҳӣ ва хусусиятҳои фаъолияти сохторҳои алоҳидаи муассисаҳои таҳсилоти касбии Федератсияи Россия барои корбарӣ ва иҷро ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуданд. 

 

 

23.08.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ