img
ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

Имрӯз чун анъана, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли нави таҳсилро бо Дарси сулҳ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуд, оғоз намуданд. Роҳбарият ва кормандони масъули вазорат дар чорабинии Рӯзи Дониш дар литсейҳои касбии техникии шаҳри Душанбе иштирок ва муҳассилину омӯзгоронро ба оғози соли нави таҳсил шодбош гуфтанд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба МД “Литсейи касбии махсуси маъюбон дар шаҳри Душанбе” ташриф оварда, нахуст бо шароити таҳсил ва истиқомати хонадагон ва корҳои дар доираи омодагӣ ба соли нави таҳсил анҷомдодашуда шинос шуда, устодону хонандагони муассисаи мазкурро ба оғози соли нави таҳсил табрику таҳният гуфт.

Муассиса ба соли нави таҳсил омодагии ҳамаҷониба дида, синфхонаҳо, устохонаҳои таълимӣ, хобгоҳи хонандагон аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Бо мақсади баланд бардоштани сифати донишазхудкунии хонандагон таҷҳизоти нави таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва маводи зарурии таълимӣ харидорӣ гардиданд.

Зимни боздид аз муассиса Ширин Амонзода бо хонандагон ва омӯзгорону кормандони муассиса суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, аз хусусиятҳои хоси таҳсилу павариш дар ин литсей ёдовар шуд. Қайд намуд, ки ба ҳар як хонандаи ин муассиса ҳамчун ба фарзанди худ муносибат намуда, эътимоди онҳоро ба даст овардан калиди муваффақият ва самаранокии фаъолияти роҳбарият ва ҳайати кормандон мегардад, ки ин аз ҷумлаи дастурҳои Сарвари давлат мебошад.

Хонандагону омӯзгорони муассиса аз ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби таҳсилу истироҳат, муроғибати табибон ва дигар таъминоти иҷтимоӣ нисбати шахсони имконияташон маҳдуд изҳори сипос намуданд. Хонандагон аз нақшаҳои ояндаи худ гуфтанд ва аз маслиҳатҳои вазир бархӯрдор шуданд.

01.09.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ