5 июли соли равон вохӯрии муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода бо намояндагони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат Казатоши Чатани ва Ясмина Папа баргузор гардид.
Ҳадаф аз вохӯрии мазкур ин тақвияти ҳамкорӣ дар самти танзими масъалаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ буда, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда низ ҳамкориро тақвият хоҳанд дод.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат дар самти таҳлил ва дурнамосозии бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсули Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт мавриди муҳокима қарор дода шуд.