img
ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАЪМИН НАМУДАНИ ШИРКАТҲОИ СОХТМОНИИ ҶСК “НБО РОҒУН”  БО КАДРҲОИ КОРГАРӢ

3 феврали соли 2023 таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимою иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023”  ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун”  бо кадрҳои коргарӣ бо иштироки муовинони вазир, кормандони масъули дастгоҳи марказӣ, роҳбарияти сохторҳои вазорат дар сатҳи ҷумҳурӣ, инчунин ВМКБ, вилоятҳои Суғд (тариқи маҷозӣ), Хатлон ва шаҳри Душанбе, директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки ситоди мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ ва вилоятҳо бо мақсади тақвияти ҷалби кормандон ба ҶСК “НБО Роғун” ва бокортаъминкунии шаҳрвандон дар дохили ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст. 
Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои вазорат Ашурализода А., Маҳмадзода С. ва Нодирзода И.  суханронӣ намуда, дар бораи талаботи корфармоёни ҶСК “НБО Роғун” шароити кор ва имкониятҳои ҷалби кормандон, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ихтисосҳои мавриди талабот дар заминаи корхонаву ташкилотҳои ҷамъияти мазкур, баргузор намудани ярмаракаҳои муштараки ҷойҳои кории холии пешниҳодҳо манзур гардиданд. 
Раиси ситод Гулнора Ҳасанзода сохторҳои вазоратро ҷиҳати бокортаъминкунии шаҳрвандон дар ширкатҳои сохтмонии ҶКС “НБО Роғун» муваззаф намуда, барои ташкили таҷрибаомӯзии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи корхонаву муассисаҳои ҶСК “НБО Роғун” ва минбаъд бокортаъминкунии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар назар аст, ки ҷаласаҳои ситод мунтазам баргузор гардида, ситодҳои вилоятӣ аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба Ситоди марказӣ маълумот пешниҳод намоянд.

04.02.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ