img
САФАРИ ҲАЙАТИ ВАЗОРАТ БА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

Дар доираи густариши ҳамкориҳо бо Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз санаи 16 октябри соли 2022 ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуданд.


Тибқи иттилоъ санаи 17 октябри соли 2022 ҷаласаи 2-юми гурӯҳи кори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Раҳмонзода Абдулғаффор ва муовини вазир ва раиси Созмони омӯзиши техникӣ ва касбии Ҷумҳурии Исломии Эрон оғои Ғуломҳусейн Ҳусейниниё доир гардид. 


Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба иҷрои Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳо ва Нақшаи кории сесолаи ҳамкории вазоратҳо дар самтҳои касбомӯзӣ, шуғл ва ҳунаромӯзӣ, инчунин табодули таҷрибаи омӯзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ, касбомӯзон, баргузории озмунҳои маҳорат, таъмини таҷҳизоти касбомӯзӣ оид ба ихтисосҳои қаннодӣ, таъмири автомобил, омӯзиши ҳунарҳои дастӣ ба хусус қолинбофии дастӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.


Қарор дода шуд, ки аз натиҷаи сафар протоколи ҳамкориҳои минбаъдаи вазоратҳо ба имзо расонида шавад.
Нимаи дуюми рӯз ҳайати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази тарбияти муррабӣ, озмоишгоҳи қаннодӣ ва касбомӯзии шаҳри Теҳрон боздид намуданд.


Ҳайати мазкур зимни боздид бо кору фаъолият, заминаи моддию техникӣ ва кадрии ин коргоҳҳо аз наздик  шинос шуда, суҳбатҳои хубу хотирмон анҷом доданд. Ҳунармандон ва устоҳои касбии муассисаҳои таълимӣ - истеҳсолии шаҳри Теҳрон ҷиҳати сафар ва боздид аз марказҳои касбомӯзӣ ва ҳунармандии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуданд.


Сафари ҳайати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад.
 

19.10.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ