img
ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир ҷиҳати гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамкориро бо кишварҳои ба қувваи корӣ эҳтиёҷманд ба роҳ мондааст ва айни замон як қатор лоиҳаҳои созишномаҳо дар баррасии тарафҳо қарор доранд.

Дар ин раванд, дар асоси шартномаи баимзорасида байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри  Хампёнги музофоти Ҷоланамдои Ҷумҳурии Корея оид ба интиқоли қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани корҳои мавсимӣ тибқи дархости корфармо 22 нафар - мутахассисони соҳаи кишоварзӣ баъд аз гузаштани марҳилаи омодагии пеш аз сафар дар МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе рӯзи 10 октябри соли 2022, тавассути шаҳри Тошканд ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии мавсимӣ парвоз намуданд.

Бояд қайд намуд, ки аз 78 нафари номнависшуда мувофиқи талаботи корфармои кореягӣ 58 нафар соҳиби раводиди Ҷумҳурии Корея шуда, тибқи нақша 22 нафар шаҳрвандон рӯзи 10 октябр ва 36 нафар рӯзи 16 октябр тавассути хатсайри Тошканд – Сеул ба Ҷумҳурии Корея ба кор мераванд.

Бо мақсади муташаккилона сафар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ масъулини МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” гурӯҳи аввалинро то шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамроҳӣ намуданд.

10.10.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ