Шуғли ғайрирасмӣ ин падидаест, ки ба инкишоф ёфтани иқтисодиёти ғайрирасмӣ мусоидат намуда, низоми устувори бозори меҳнатро халадор месозад ва ба афзоиши муносибатҳои меҳнатии бақайдгирифтанашуда замина мегузорад.
Яке аз омилҳои асосие, ки ба афзоиши ин намуди шуғл монеа мегардад, инкишофи онро бозмедорад ва низоми шуғли аҳолиро танзим менамояд, ин риояи талаботи қонунгузорӣ ва дуруст амалӣ намудани расмиёти бо қонунгузорӣ муқарраргардидаи қабул ба кор мебошад.
Воқеан, масъала масъулияти баланди субъектони муносибатҳои меҳнатиро тақозо намуда, корфармо ва кормандро вазифадор менамояд, ки муносибатҳои меҳнатиро танҳо дар доираи талаботи муқарраршуда ба роҳ монанд. Зеро фаъолияти ғайрирасмӣ натанҳо низоми устувори бозори меҳнатро вайрон месозад, балки оқибатҳои ҷавобгарии ҳуқуқиро нисбат ба онҳо ба вуҷуд оварда, боиси таъмин нагардидани ҳуқуқу кафолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ мегардад. Дар натиҷа, шаҳрвандони ба чунин фаъолият ҷалбшуда аз таъмини ҳуқуқу кафолатҳо маҳрум гардида, дучори сарсонӣ ва саргардониҳои зиёд шуда, инчунин ба сатҳи таъминоти иҷтимоии худ хисорот ворид менамоянд.
Мақсади ба чунин амал даст задани субъектони муносибатҳои меҳнатӣ, аз як тараф, пинҳон намудани пардохтҳои муқарраршудаи қонунгузорӣ бошад, аз тарафи дигар, ҷиҳати ба даст овардани фоида дидаю дониста ташкил намудани иқтисоди пинҳонӣ мебошад.
Дар сурати аз ҷониби корфармо ба шуғли ғайрирасмӣ ҷалб намудани кормандон музди меҳнат пинҳонӣ ва шифоҳӣ маслиҳат шуда, корманд аз чунин шакли фаъолият, албатта, дар ҷараён гузошта мешавад, яъне корманд ба фаъолияти ғайриқонунӣ бо пешниҳоди корфармо ризо мегардад.
Ин шаҳодати он аст, ки корфармо ва худи корманд низ ба амали ғайриқонунӣ шарик шуда, ба корфармо мусоидат менамояд, ки ҳуқуқҳо ва кафолатҳои меҳнатии ӯро сарфи назар намуда, ба фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ замина гузорад.
Оқибат, дар натиҷаи аз ҷониби мақомоти дахлдор ошкор гардидани амали ғайриқонунии корфармо вобаста аз ҷавобгариҳои ҳуқуқии пешбинигардида ҳарду ҷониб ба ҳолатҳои ногувор рӯбарӯ меоянд.
Аз дигар сӯ, пинҳон намудани пардохтҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ низоми андозсупории бо қонунгузорӣ мукарраршударо вайрон намуда, ба низоми шуғли аҳолӣ ва талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. Вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ, дар самти муносибатҳои меҳнатӣ, хусусан дидаю дониста ва бо маслиҳати пешакӣ роҳ додан ба фаъолияти меҳнатии ғайрирасмӣ метавонад боиси ҷавобгарии маъмурию ҷиноятӣ гардад.
Мусаллам аст, ки пардохти пардохтҳои муқарраршуда ва дар доираи талаботи қонунгузорӣ фаъолият намудани субъектҳои муносибатҳои меҳнатӣ кафили самаранокӣ ва сифати истеҳсолот, таъмини ҳуқуқу кафолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҷонибҳо, рушди бозори меҳнат ва таъмини шуғли арзанда барои ҳар як шаҳрванди қобили кор ба ҳисоб меравад.
Тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ба вуҷуд омадани муносибатҳои меҳнатӣ шартномаи хаттӣ байни корфармо ва корманд муқаррар гардидааст.
Бастани шартномаи меҳнатиро бояд ҳар як шаҳрванд ҳангоми муроҷиат ба кор аз корфармо талаб намояд.
Дар асоси муқаррароти қонунгузории соҳаи меҳнат ҳангоми муроҷиат ба кор, баъд аз муайян гардидани мувофиқати корманд ба мансаб ва ё вазифаи пешниҳодгардида аз ҷониби корфармо бояд корҳои зерин анҷом дода шаванд:
- ба тавсиб расонидани фармони (фармоиши) қабул ба кор;
- шинос намудани корманд бо шарту шароити ҷои корӣ;
- додани маълумот оид ба мансубияти кор ба шароитҳои мухталифи (зарарнок, хатарнок, вазнин ва дигар омилҳои зараровари химявӣ ва биологӣ) меҳнат;
- ҳатман шинос намудани корманд бо қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии корхона (бо гирифтани имзо);
- ҳатман бастани шартномаи меҳнатӣ бо риояи мазмуни муқарраршуда;
- ташкили пешбурди махзани маълумот оид ба корманд;
- пешниҳод намудани маълумот оид ба шумораи кормандон ба мақомоти омор;
- пешниҳоди ҳисоботи дахлдор оид ба шумораи кормандон ба мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.
Сарфи назар ба талаботи қонунгузории соҳаи меҳнат ва мунтазам додани машварату тавсияҳои методӣ, инчунин расонидани ёрии амалӣ ва кумакҳои ҳуқуқӣ дар самти фаҳмонидани риояи талаботи қонунгузорӣ, баргузории санҷишҳо вобаста ба назорати иҷрои талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз ҷониби баъзе аз корфармоён ҳанӯз ҳам саркашӣ намудан аз барасмиятдарории қабул ба кор ва ғайрирасмӣ ба шуғл фаро гирифтани кормандон ба назар мерасад.
Ин масъала низ шаҳодати он аст, ки корфармоён ҳуқуқу уҳдадориҳои бо қонунҳо муқарраршударо ба инобат нагирифта, дар рад намудани барасмиятдарории шуғл восита мегарданд, ки ин омил метавонад барои худи онҳо оқибатҳои ҷавобгарии ҳуқуқиро ба вуҷуд оварад.
Саркашӣ намудани корфармо аз барасмиятдарории шартномаи меҳнатӣ ва расмикунонии шуғли шаҳрвандон, сабаби таъмин нагардидани ҳуқуқу кафолатҳои бо қонун муқарраршуда гашта, барои андешидани чораю ҷазоҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ замина мегузорад, ки оқибат ба ҳар ду ҷониб, ҳам барои корфармо ва ҳам барои корманд, боиси масрафи ғайримунтазираи ҳолатҳои ногувор мегардад.
Дар натиҷаи фаъолияти меҳнатии ғайрирасмӣ шаҳрвандон аз кафолату имтиёзҳои зерини муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бебаҳра мемонанд:
- Пардохт накардани давраи корношоямӣ ва рухсатиҳои меҳнатӣ (рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола, рухсатиҳои таълимии донишҷӯён, пардохти ҷубронпулии рухсатиҳои меҳнатии истифоданашуда, рухсатии иловагӣ барои кор дар шароити зарарнок, хатарнок ва вазнини меҳнат);
- Напардохтани маблағи иловагӣ барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои ид ва истироҳат;
- Маблағҳои ҳисобинашуда ҳангоми аз кор озод намудани кормандон бинобар ихтисори воҳиди корӣ;
- набудани кафолати нигоҳ доштани ҷойи корӣ дар давраи корношоямии муваққатӣ, рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ва рухсатӣ барои нигоҳубини тифл;
- Гирифта натавонистани қарзи бонкӣ ва раводид;
- ноимкон будани пардохти ҷубронпулиҳои муқаррарнамудаи қонун зимни тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот бинобар ғайрирасмӣ фаъолият намудан;
- эҳтимолияти ба ҷавобгарӣ гирифтор гардидан ҳангоми дар эъломия нишон надодани даромадҳо;
- барои пинҳон доштани пардохтҳои андоз ба шахсони воқеӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
- барои ташкилотҳое, ки аз шуғли ғайрирасмӣ истифода менамоянд, аз диди аввал манфиат дорад, чунки масраф кам гардида, фоида аз ҳисоби напардохтани пардохтҳои ҳатмии бо қонун муқаррашуда меафзояд.
Вале, дар сурати нисбати ташкилот истифода гардидани чораҳои ҷавобгарӣ (ҷаримаҳо, қатъ намудани фаъолият, бозҳисобӣ намудани маблағҳои музди меҳнати дар муҳлат пардохнагардида ва ноустуворона (пеня) барои батаъхирандозии ин пардохт, пардохтҳои ба музди меҳнат алоқаманд, пардохти дукаратаи изофакориҳо, пардохти якунимкаратаи корҳои шабона, бозҳисобии коэффитсентҳои ноҳивӣ барои кор дар шароитҳои номусоиди иқлимӣ ва баландкӯҳҳо ва ғайра) корфармо ба оқибатҳои ногувор, ҳолатҳои дучор шудан ба муфлисшавӣ, надоштани имконияти чунин пардохтҳо, ки дар натиҷа тибқи талаботи қонунгузорӣ новобаста аз вазъи молиявӣ, ҳатто бо дар фурӯш мондани молу мулки корфармо пардохт намудани ҷуброни амали ғайриқонунӣ, ки бояд сари вақт амалӣ карда мешуд, дучор мегардад.
Маблағгузорӣ нагардидани соҳаи буҷетӣ - ин монеа эҷод намудан ба имкониятҳои баланд бардоштани музди меҳнат дар соҳаи буҷет ва мусоидат намудан дар паст кардани сатҳи ҳифзи иҷтимоии кормандон ва нафақаи ояндаи онҳо мебошад.
Бояд тавзеҳ дод, ки ба шуғли ғайрирасмӣ ҷалб намудани шаҳрвандон бештар дар ташкилоту корхонаҳои сохтмонӣ, бозорҳо, нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ, нуқтаҳои шустушӯи мошинҳо, тарабхонаву ошхонаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, нуқтаи таъмири нақлиёт ва як қатор корхонаҳои мавсимӣ дида мешавад.
Ҷиҳати ба низом даровардан, таъмини риоя ва иҷрои талаботи муқарраршудаи қонунгузории соҳаи меҳнати ҷумҳурӣ, таъмини ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқу кафолатҳои қонунгузорӣ нисбати шаҳрвандон, ба шуғли арзанда ва самаранок таъмин намудани сокинони кишвар, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон ва ба низоми муайяни бо қонунгузорӣ муқарраршуда даровардани шуғли аҳолии кишвар зарурат ба миён меояд, ки оид ба ташкилоту корхонаҳое, ки шаҳрвандонро ба таври ғайрирасмӣ ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб менамоянд, илова ба чораҳои таъхирнопазири маъмурӣ, ҳамчунин ҷазо дар намуди муваққатан боздоштани намуди муайяни фаъолият то ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ карда шавад.
Вобаста ба муътадил нигоҳ доштани вазъ дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ ва таъмини сиёсати иҷтимоии давлат аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми муосири ҳамкорӣ бо корфармоён ва бахши хусусӣ тарҳрезӣ гардида, ҷиҳати ба даст овардани малакаҳои касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандони ба касбу кор ниёздошта, аз ҷумла занон, ҷавонон, гурӯҳҳои осебпазир, яъне маъюбон тамоми чораҳои дахлдор андешида шудааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ фаъолият менамоянд, ки барои соҳибкасб ва малакаи корӣ гардидани шаҳрвандони ба ин масъала ниёздошта мусоидат менамояд. Дар ин замина аз шаҳрвандон тақозо мешавад, ки дар татбиқи чораҳои андешидашудаи давлатӣ бо саҳмгузории худ дар барасмиятдарории муносибатҳои меҳнатӣ ва аз корфармо талаб намудани бастани шартномаҳои меҳнатӣ бе тафовут набошанд.
Барои рушди сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳамзамон таъмини аҳолӣ ба шуғли арзанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар бораи барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» аз 30 декабри соли 2019, № 644 таҳия ва тасдиқ гардида, ҷиҳати фароҳам овардани имконият ба шуғли пурсамар, такмили бозори меҳнат, ҷорӣ намудани механизми ҳамкории мутақобилаи бахши давлатӣ бо бахши хусусӣ ва ба шуғли пурсамар таъмин намудани табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудааст.
Бояд афзуд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тадбирҳои мухталифи паст кардани шуғли бақайдгирифтанашуда роҳандозӣ ва амалӣ карда мешавад. Ба ин, пеш аз ҳама, ташкили корҳои машваратию фаҳмонидан, ҷалби шарикони иҷтимоӣ, тавсияҳо барои бастани шартномаҳои коллективӣ, инчунин баргузории санҷишҳои ғайринақшавӣ ҷиҳати ошкорсозӣ, огоҳкунӣ, пешгирӣ ва коҳиш додани шуғли бақайдгирифтанашуда аз ҷониби мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ташкилоту корхонаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ мисол шуда метавонад.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамасола нақшаи чорабиниҳоро, ки ба паст намудани шуғли ғайрирасмӣ равона гардидааст, таҳия ва тасдиқ намуда, иҷроиши онро якҷо бо сохторҳои назоратии Хадамот дар маҳал мунтазам дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти прокуратура, андоз ва васоити ахбори омма амалӣ мегардонанд.
Маълум аст, ки риоя накардани талаботи қонунгузории соҳаи меҳнат дар назари аввал манфиатнок намуда, оқибати ҷавобгарии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро ба вуҷуҷуд меорад ва метавонад сабаби қатъ гардидани фаъолияти даромаднокии дилхоҳ корхона гардад.
Аз ин рӯ, шаҳрвандони муҳтарам, шумо метавонед дар ҳолати истифодаи шуғли ғайгрирасмӣ (ба қайдгирифтанашуда), саривақт пардохт нагардидани музди меҳнат ва истифодаи тартиби пардохти ғайриқонунии музди меҳнат, аз ҷониби корфармо рад кардани барасмиятдарории шартномаи меҳнатӣ ва раванди қабул ба кор ба Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад, 71 бо телефони боварии 2314919 ва суроғаи почтаҳои электронии info@khnm.tj, khadamotimehnat@khnm.tj ва ё сохторҳои он дар маҳал khadamotimehnat-sugd@khnm.tj, khadamotimehnat-vmkb@khnm.tj, khadamotimehnat-khatlon@khnm.tj, khadamotimehnat-dushanbe@khnm.tj, khadamotimehnat-hisor1@khnm.tj, khadamotimehnat-vahdat@khnm.tj, khadamotimehnat-rasht@khnm.tj муроҷиат намоед.
Сафаралӣ МАҲМАДЗОДА,
сардори Хадамоти назорати давлатӣ
дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ