Санаи 27 июли соли равон мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл баргузор гардида, ҷонибҳо оид ба ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” ва соҳаи сайёҳӣ ибрози назар карданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолият, дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд ва шаҳрвандони бекор, ташкили курсҳои омӯзишӣ дар соҳаи туризм ва хизматрасонињои маишӣ, тақвият додани малакаи касбии шаҳрвандони бекор таваҷҷуҳ намуда, вобаста ба сафарбарсозии хонандагон, омӯзгорон ва устоҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии системаи вазорат, аз ҷумла аз ВМКБ барои омӯзиш ва бозомӯзӣ дар коргоҳҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Туркия, таъсиси филиали МД “Маркази таълими калонсолон” ва синфхонаҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд дар ВМКБ мубодилаи афкор карданд.
Эмре Зекӣ Карагёл омодагии худро ҷиҳати дастгирӣ дар амалигардонии дархости лоиҳавии вазорат, ки дар натиҳаи мулоқоти қаблии вазир ва Сафир, инчунин боздид аз МД «Литсейи касбии махсуси маъюбон»-и шаҳри Душанбе (22 июли соли 2021) пешниҳод гардида буд, баён намуд.
Дар фарҷом ҷонибҳо ташкил намудани вохӯрии маҷозии роҳбарияти вазоратҳои ҳамсони ҳарду кишварро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда ва муҳокимаи масъалаҳои матраҳгардида дар моҳи август зарур ҳисобиданд.