Дар доираи амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд ва ниёзманд, бахусус кӯдакон ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш ёфта, самараи нек ба бор меорад.
Маркази хизматрасонии иҷтимоии минтақавӣ дар деҳаи Роҳи Нави Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, ки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшид, аз ҷумлаи иншооти иҷтимоӣ мебошад, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити табобати тавонбахшӣ, расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд ва омӯзиши падару модарони кӯдакони маъюб дар раванди тавонбахшии онҳо, ҷалби масъулон ва ҷомеа ба масъалаи мазкур мусоидат менамояд.
Бинои маркази мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум утоқи машваратӣ, муоширатӣ (логопед) ва тавонбахшӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии кор бо кӯдакон ҷойгир буда, дар ошёнаи дуюм утоқҳои кории роҳбарият ва кормандони марказ ва ҳуҷраи методӣ, инчунин дар таҳхона ошхона ҷойгир мебошад.
Аз ҷониби марказ дар маҳаллаҳо 22 гурӯҳи дастгирии волидон дар ноҳияҳои ҳадафнок аз ҳисоби волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд, раисони маҳаллаҳо, омӯзгорон, кормандони тиб, имомхатибон ва фаъолони деҳа таъсис дода шудааст. Хизматрасонии марказ 30 нуқтаи аҳолинишини ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусравро (13 деҳаи ноҳияи Қубодиён, 8 деҳаи ноҳияи Шаҳритус ва 7 деҳаи Носири Хусрав) фаро гирифта, дар ин минтақа ба 340 кӯдаки имконияташон маҳдуд хизматрасонӣ мекунад.
Аснои суҳбат бо волидони кӯдакон ва кормандон ҷанбаҳои гуногуни хизматрасонӣ баррасӣ ва тавсияҳо дода шуданд.