img
Конститутсия – ифодагари манфиатҳои халқ

“Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.  Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯзҳо ватани маҳбуби мо дар остонаи яке аз ҷашнҳои муҳим ва давлатсоз, яъне 29 солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. 29 сол қабл, яъне 6 ноябри соли 1994 мардуми шарафманди Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории миллии мо гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ ва заминаи муҳими давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад, меъёрҳои бунёдӣ ва муҳимми ташаккулу рушди ҷомеаи демократиро дар худ фаро гирифтааст.
Қабули Конститутсия ва оғози давраи навини давлатсозиву давлатдории мустақилона моро водор сохт, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди мамлакат ба иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушодем.
Дар зарфи 29 сол корҳои зиёди давлатсозию давлатдориро анҷом дода, дар шоҳроҳи таҷрибаи идораи пешқадами ҷаҳонӣ роҳи дурусти бунёдгузории давлати миллии худро пайдо намудем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳояшон Истиқлолро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин падидаи муҳимро таъкид менамояд ва мардумро барои ҳифзу нигоҳдории он чун гавҳараки чашм роҳнамоӣ намуда, онро тантанаи адолати таърих ва омили бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини миллиамон меномад: «Маҳз Истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва боиси ифтихори миллии мо шомил гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори панҷгонаи беҳтарини дар ҷаҳон мебошад. Бо дарназардошти ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии кишвари азизамон, татбиқ ва амалисозии муқаррароти «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» бори аввал 26 сентябри соли 1999 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба идомаи ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ дар мамлакат ва танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ алоқамандии бевосита доштанд, заминаи муҳими ҳуқуқӣ гузошта шуд. Бори нахуст дар кишвар низоми комилан нави таъсис, сохтор ва фаъолияти мақоми қонунгузории мамлакат пешбинӣ карда шуд. Муайян кардани интихоботи Парламенти думаҷлиса мушаххас карда шуда, мутаносибан дигар меъёрҳои вобаста ба фаъолияти бевоситаи парламент низ такмил дода шуд. Дар ин замина бори аввал дар таърихи парламентаризми кишвар парламенти касбии доимоамалкунанда – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъсис дода шуд. Бо ҳамин мақсад 22-юми июни соли 2003 маротибаи дуюм ба Конститутсияи мамлакат 122 тағйиру иловаҳои навбатӣ ворид карда шуданд. Бо ин иқдом, кишвари мо ба шарофати хиради бузург ва фаросати сиёсии халқ, ба сӯйи мустаҳкамсозии пояҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд боз як қадами ҷиддӣ ва устувор гузошт.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимодро тарҳрезӣ намуд. Инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои манфиатҳои муайян шинохта шуд, ки мавҷудияти ин нукта дар матни Қонуни асосии кишвар баёнгари амалан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастани Тоҷикистон мебошад. Дар баробари ин, бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани мустақилияти ниҳодҳои давлатӣ аз ҷумла ҳокимияти судӣ муҳлати ваколати судяҳо аз 5 сол ба 10 сол дароз карда шуд, ки ин яке аз принсипҳои конститутсионии таъмини мустақилият ва таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ буда, барои баланд бардоштани нақшу мавқеи он дар ҷомеа ва ба татбиқи адолати иҷтимоӣ мусоидат намуд.
Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Инчунин, ҳеҷ як мақоми давлатӣ ва шахсони мансабдор ҳақ надоранд, ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол ё маҳдуд кунанд.
Таъмини риоя ва бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифз намудани онҳо маънои онро надорад, ки дар ҳеҷ як маврид онҳо маҳдуд карда намешаванд. Конститутсия ва қонунҳо ҳолатҳои истисноиеро пешбинӣ ва муайян кардаанд, ки дар сурати мавҷудияти онҳо давлат метавонад ҳуқуқу озодиҳои шахси алоҳида ё гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандонро маҳдуд намояд. Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, орзуву омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ бисозад. Ин санади тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф гардид. Ба гуфтаи Сарвари давлат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад.
Барои иҷрои ин амал аз дастури Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода бояд кард. «Мо бояд эҳтироми ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеаро омӯзем, аз имкониятҳои он ҳар чи бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардад». Дар охир ҳамаи ҳамватанони азизамро ба муносибати 29-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоикистон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, хоҳони онам, ки ҳама озод яъне ғуломи қонун бошанд.

Каримова Заррина,
Муовини раиси 
ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Муҳоҷир”-и 
Хадамоти муҳоҷират

 

03.11.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ