Имрӯз, 13 июни соли ҷорӣ вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо роҳбари Созмони Байналмилалии Муҳоҷират Кристина Транка доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо паҳлуҳои гуногуни масоили муҳоҷиратро дар ҷаҳон ва Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, ба масъалаи кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ ба минтақаи бехавф таваҷҷуҳ зоҳир гардида, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин самт ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.
Инчунин, дар вохӯрӣ роҷеъ ба масъалаҳои таъсиси махзани ягонаи иттилоотии дастрас дар самти муҳоҷират ва ба роҳ мондани мактаби тобистона ҷиҳати омӯзиши масоили муҳоҷирати аҳолӣ ибрози андеша гардид.