img
МУЛОҚОТҲО ДАР ДОИРАИ САФАР БА БОКУ

Рӯзҳои 22 - 23 ноябри соли 2023 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар 5-умин Конфронси вазирони меҳнати Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар мавзуи “Ҳалли инноватсионӣ ва рақамикунонии хадамоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар кишварҳои узви СҲИ”, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, иширок намуд.

 

Дар конфронс масъалаҳои марбут ба бозори меҳнати давлатҳои аъзои СҲИ баррасӣ шуда, байни иштирокдорон роҷеъ ба барномаҳои Созмон дар самти меҳнат, шуѓли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли он мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Дар ҳошияи конфронси мазкур санаи 23 ноябр Гулнора Ҳасанзода бо як қатор вазирони меҳнати давлатҳои аъзои СҲИ, аз ҷумла вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон Сахил Бабаев ва вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Ведат Исихан мулоқот намуд.

 

Зимни мулоқот бо Сахил Бабаев ҷонибҳо дар хусуси татбиқи Созишнома байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар сатми меҳнат ва шуѓли аҳолӣ аз 20 июни соли 2016, ки муқаррароти он барои рушди соҳа равона гардидааст, мубодилаи афкор намуданд.

 

Дар натиҷаи мулоқот бо мақсади густариши ҳамкориҳои минбаъда “Нақша - чорабинӣ оид ба ҳамкориҳо байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2023 - 2024” ба имзо расонида шуд. Нақша-чорабиниҳои мазкур масъалаҳои марбут ба баргузории машваратҳои дуҷониба дар доираи табодули дониш ва таҷрибаи пешрафта дар самтҳои мониторинг ва дурнамои бозори меҳнат, меъёрҳои муайянсозии гурӯҳҳои хавф оид ба назорати давлатӣ барои риояи қонунгузории меҳнат, пешгирии шуғли ғайрирасмӣ, таъмини баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон тибқи меъёрҳои байналмилалии меҳнат, рушди ҳунарҳои мардумӣ, бахусус қолинбофии дастӣ, хизматрасонӣ дар самти шуѓл, меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъминоти иҷтимоӣ дар асосӣ принсипи «нуқтаи вуруди ягона», таълими касбии шахсони имконияташон маҳдуд, рақамикунонии равандҳои инспексияи меҳнат, хизматрасониҳои машваратӣ оид ба интихоби ихтисос барои арзёбии мувофиқати касбҳои интихобкардаи шахсони ба таълими касбӣ ҷалбгардида, таҳияи барномаҳои таълимии модулӣ ва умумӣ дар асоси стандартҳои тахассусӣ, низоми таълими касбӣ, бозомӯзии шахсони бекор, омӯзиши фаъолияти марказҳои минтақавии таҳсилоти касбӣ, муайян намудани талаботи бозори меҳнат, такмили малака, эътирофи маҳорат ва салоҳиятҳои тавассути таҳсилоти расмӣ ва ғайрирасмӣ ба даст овардашударо дар бар мегирад.

 

Дар ҷараёни мулоқоти Гулнора Ҳасанзода бо Ведат Исихан ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимои Ҷумҳурии Туркия аз 11 ноябри соли 2002-ро, ки муқаррароти он барои рушди соҳа, аз ҷумла табодули таҷриба дар соҳаи сиёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, низоми меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, тавонбахшии касбии маъюбон, ташкили назорат ба низоми меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, мониторинги инкишофи бозори меҳнат, бокортаъминкунӣ ва таълими касбии бекорон равона гардидааст, муҳокима намуданд.

 

Дар натиҷаи мулоқот вазирони ҳар ду кишвар аз муносибатҳои судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, бо назардошти пешниҳодҳои матраҳгардида таъкид доштанд, ки ба ҳамкориҳои минбаъда тақвият бахшида, Нақшаи чорабиниҳои муштарак барои солҳои 2024 – 2025 дар фурсати наздиктарин ба имзо расонида шавад.

 

24.11.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ