img
БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТДОИИ КАСБӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Санаи 17 ноябри соли ҷорӣ ҷаласи корӣ вобаста ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилояти Суғд ва иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, №52-АП дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода баргузор гардид. 


Дар ҷаласаи мазкур муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – сарпарасти соҳа Ализода Ализода ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ иштирок намуданд.  


Зикр гардид, ки соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ яке аз зинаҳои афзалиятноки соҳаи таҳсилот буда, барои омода кардани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат саҳми назаррас дорад. Рушди соҳаи мазкур дар мадди назари роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омоданамоии кадрҳои коргарӣ соли дуюм аст, ки дар ин соҳа  ислоҳот идома дорад. 


Доир ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилояти Суғд гузориши муовини вазир Ализода Алишер ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ шунида шуда, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар вилояти Суғд дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. 
 

18.11.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ