Имрӯз 21 уми июли соли 2023 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар вобаста ба мавзӯи “Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” дар ҳузури намояндагони ВАО муаррифи гардид.
Дар ин ҳамоиш Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки 30 июни соли равон қабул гардидааст, муаррифӣ шуда, ҳамзамон аҳамияти Стратегия, мафҳум ва ҷанбаҳои татбиқи он баррасӣ шуд.
Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ зимни муарифии Стратегияи мазкур изҳор доштанд, ки бо максади ба танзим дарованди раванди муҳоҷират дар ҶТ Ҳукумати кишвар Стратегияи мазкурро қабул намуд, ки он тамоми самтҳои муҳоҷирати дохилию хориҷиро фаро мегирад.
Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар ниҳодҳои марбута иштирок намуданд. Гуфта шуд, ки Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 иқдомоти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ барои Тоҷикистон ба шумор рафта, барои иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар самти муҳоҷират, бо ба инобат гирифтани шароити имрӯзаи муҳоҷират, тамоюлҳои мусбии устувор, рушди алтернативӣ, дурнамо ва сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, таҳия гардидааст.
Страгеияи мазкур дар шаш марҳила ва бори аввал дар доираи як Стратегия танзими раванди тамоми намудҳои муҳоҷирати аҳолӣ (муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати хориҷӣ, муҳоҷирати дохилӣ, муҳоҷирати экологӣ, гуразегон ва паноҳандагон) амалӣ карда мешавад.
Гузаронидани таҳлили санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда дар самти муҳоҷирати аҳолӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, таҳия ва ҷорӣ намудани механизми бақайдгирии электронии раванди муҳоҷират дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар Хадамоти муҳоҷират бо ҷалби мақомотҳои Ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, такмили низоми омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсис додани Фонди иҷтимоии дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, интишор намудани натиҷаи мониториинг ва арзёбии Стратегия ва ғайраҳо аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳиме ҳастанд, ки бояд дар доираи ин Стратегия амалӣ шаванд.
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки тақвият бахшидани раванди муташаккилона сафарбар кардани муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварҳои гуногуни олам яке аз ҳадафҳои асосии Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мебошад. Айни ҳол ба 13 Давлат муҳоҷирони меҳнатӣ муташаккилона сафарбар мегарданд.
Бояд гуфт, Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мақсад ва вазифаҳо, таҳлили вазъи кунунӣ, мушкилот, нишондиҳандаҳо, самтҳои асосӣ ва механизмҳои амалисозии сиёсати давлатии муҳоҷиратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.