Мувофиқи талаботи банди 4 “Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 тасдиқ шудааст, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо масъули баргузории Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” буда, даври якуми он охири моҳи март ва аввали моҳи апрел дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида, ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Даври дуюми фестивали мазкур давоми ҳафтаи равон дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе баргузор гардид. Даври вилоятӣ дар вилояти Суғд рӯзи 13 апрели соли ҷорӣ баргузор шуда, дар он зиёда аз 60 нафар ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят бо пешниҳоди 30 номгӯйи ҳунарҳои мардумӣ иштирок намуданд.
Дар натиҷа маҳсулоти ҳунармандии иштирокчиёни фестивал аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карда шуда, 18 нафар ҳунармандони шаҳру ноҳияҳо соҳиби дипломҳои дараҷавӣ ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гардиданд, ки туҳфаҳои мазкур дар рафти чорабинии фарҳангӣ ба ғолибон тақдим карда шуданд. Даври дуюми фестивали мазкур дар шаҳри Душанбе рӯзи 14 апрел баргузор гардид.