img
САРПАРАСТОН ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ БУНЁД НАМУДАНД

Санаи 9 сентябри соли равон дар доираи таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон толори варзишӣ ба истифода дода шуд.

Толори мазкур бо дастгирии сарпарастони муассиса - сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдумаҷид Мубин, сардори Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Шаҳристон бунёд шудааст.

Дар маросими ба истифода супоридани он муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода иштирок намуда, устодону муҳассилини литсейро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани толори варзишии замонавӣ табрику таҳният гуфт.

Ҳамзамон, изҳори сипоси роҳбарияти вазорат ба сарпарастони муассиса расонида шуд.

10.09.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ