14 июни соли 2022 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода муовини директори Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Михаил Пушкинро баҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар шаҳри Москва ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои муносибатҳои муштаракро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони иҷтимоиро дар амалишавии Барномаҳои ҳамкорӣ оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020 – 2024-ро хуб арзёбӣ намуда, нақшаҳои минбаъдаи муштаракро тарҳрезӣ намуданд.
Дар идома Ширин Амонзода оид ба қабул гардидани Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040 ёдовар шуда, иброз дошт, ки он дар амалӣ сохтани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, саноатикунонии босуръат, ки дар Страгияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030 дарҷ шудааст, мусоидат хоҳад кард.