Ҳукумати Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) барои татбиқи лоиҳаи “Модернизатсияи ҳифзи иҷтимоӣ ва фарогирии иқтисодӣ” грант ба маблағи 37,5 миллион доллари амрикоӣ гирифт.
Ҳадафи лоиҳа дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи оилаҳои камбизоат ва осебпазир аз хавфҳо, мусоидат ба фарогирии иқтисодӣ ва такмили низоми ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВММША) яке аз ду муассисаи татбиқкунандаи лоиҳа - якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ВММША) тавассути Гуруҳи татбиқи лоиҳа (минбаъд ГТЛ) иҷрокунандаи Қисмати 2-и лоиха (Дастгирии бекорон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ) мебошад, ки мутахассисони инфиродиро барои иҷрои вазифаҳои мушаххас дар татбиқи лоиҳа масъуланд, аз ҷумла мутахассис оид ба ҳифзи муҳити зист барои иҷрои корҳои зарурӣ ҷалб менамояд.
ГТЛ ВММША масъулияти умумӣ барои иҷрои тамоми фаъолиятҳо дар доираи Қисматҳои 2 ва 4.2, аз ҷумла ӯҳдадориҳои фидусиариро дорад. ГТЛ ВММША идоракунии ҳаррӯзаи лоиҳаро дастгирӣ мекунад, аз ҷумла дастгирӣ оид ба техникӣ, молиявӣ ва харид, кафолатҳо ва равандҳои мониторинг ва арзёбӣ барои ду Қисмат (2 (2.1, 2.2, 2.3) ва 4 (4.2)) ӯҳдадор мебошад.
Мақсади асосии вазифаи техникии мазкур ин таъин намудани мутахассиси ботаҷриба, соҳибихтисос ва бомаҳорат барои кӯмак ба ГГЛ вазорат дар омодасозӣ ва татбиқи чораҳои дахлдори экологӣ барои риояи стандартҳои нави Чаҳорчӯбаи экологӣ ва иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ мебошад.
Таҳти роҳбарии бевоситаи Ҳамоҳангсози лоиҳа ва дар ҳамкории зич бо мутахассиси рушди иҷтимоӣ, мутахассис оид ба муҳити зист масъули ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳаррӯзаи лоиҳа оид ба идоракунии хатарҳои экологӣ мебошад:
Вазифаҳои асосии мутахассис зеринро дар бар мегирад:
муҳити зист ва иҷтимоӣ (ESMF) муайян шудааст);
Уҳдадориҳои мутахассис зеринро дар бар гирифта, ҳамзамон маҳдуд нест:
Мутахассис оид ба муҳити зист бевосита ба Ҳамоҳангсози лоиҳа ҳисобот медиҳад. Ҳамкории зичи мутахассис бо раёсат ва шӯъбаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад. Мутахассис оид ба муҳити зист ҳар моҳ ба Ҳамоҳангсози лоиҳа (дар бораи эҳтиёҷот) дар шакли электронӣ ва чопӣ бо забони русӣ ё тоҷикӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.
Мутахассис оид ба муҳити зист фаъолияти худро аз то
мунтазам давом медиҳад. Мансаби мазкур дар давоми муҳлати пурраи татбиқшавии лоиҳа зарур аст.
Мутахассис оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ГТЛ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда
мешавад.
Сифатҳои шахсӣ:
• Малакаҳои аълои муошират;
• Кори аълои инфиродӣ ва гурӯҳӣ, қабули қарорҳо;
• Қобилияти кор дар зери фишор;
• Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (шифоҳӣ ва хаттӣ) ҳатмист;
• Маҳорати омода кардани гузоришҳои босифати марбут ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
• Корбари боэътимоди компютерӣ (MS Office, MS Word, MS Excel, Powerpoint, Internet E-mail ва ғ.);
• Ростқавлӣ ва ҳисси масъулият.
Довталабон бастаи ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан бояд пешниҳод намоянд:
Ариза барои қабули ҳуҷҷат ба номи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
CV ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ (бояд маълумоти пурра дар бораи таҳсил ва таҷрибаи корӣ дошта бошад)
Тавсияномаҳо бо қайди рақамҳои тамос аз шахсони тавсиякунанда Нусхаи диплом дар бораи маълумоти олӣ
Нусхаи шаҳодатномаҳои таҳсилоти иловагӣ ё иштирок дар семинару тренингҳо
Нусхаи шиноснома (ҷои бақайдгирӣ, ТИН)
Ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида бояд дар лифофа бо қайди вазифа ва номи номзад ба суроғаи зерин пешниҳод карда шаванд: ш. Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ 5/2, ба Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба рақамҳои зерин тамос гиред:
+992 985886585 ё почтаи электронӣ: khurshedkarimov74@gmail.com
Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 30 октябри соли 2023 то соати 10:00