Дар татбиқи сиёсати иҷтимоии мамлакат беҳтар гардонидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори деҳот мавқеи муҳим дошта, дар ин самт лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ татбиқ гардида истодаанд.
Таъмини оби нӯшокӣ барои сокинони деҳаҳои дурдасти ноҳияи Қубодиён дар доираи сафари Пешвои муаззами миллат рӯйдоди фараҳбахш буда, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода мавриди истифода қарор гирифтани нуқтаи таъмини оби нӯшокиро ба аҳолии деҳаҳои Шоҳ ва Навободи ноҳия шодбош гуфта, бо сокинон суҳбат намуд.
Дар доираи амалишавии Лоиҳаи шабакаи оби нӯшокӣ зиёда аз 1600 хоҷагӣ, ё зиёда аз 10 ҳазор нафар аҳолии деҳаҳои Шоҳ ва Навободи Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳия имкон пайдо карданд, хатти оби нӯшокиро ба хонаҳои худ кашанд.
Лоиҳаи мазкур ба маблағи 8,6 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дарозии умумии қубурҳои обгузари он 132 км-ро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, дар идомаи татбиқи лоиҳа бунёди системаи таъмини оби нӯшокӣ дар деҳаҳои Роҳи Нав ва С. Айнии Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, Сангоба ва Б. Ғафурови Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳия ба нақша гирифта шудааст.
Сокинони ин деҳаҳои дурдасти ноҳия зимни суҳбат бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати беҳтар гардидани шароити зиндагӣ дар деҳот изҳори сипос намуданд.