Начальное профессиональное образование

    Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти вазорат таҳсилоти ибтидоии касбӣ маҳсуб мешавад. Соли сипаришуда бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 ҷиҳати ислоҳоти ҷиддӣ, азнавсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ чораҳои муайян роҳандозӣ шуданд. 


    Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии системаи меҳнат аз рӯйи 14 самт ва 97 ихтисос барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ кадрҳои коргарӣ тайёр карда мешавад ва айни замон дар ин таълимгоҳҳо 20 ҳазору 757 хонанда, аз ҷумла 4 ҳазору 52 нафар духтарон таҳсил менамоянд.


    Дар литсейҳои касбии техникӣ 2 766 нафар омӯзгор ва устои таълими истеҳсолӣ фаъолият мекунанд, ки аз инҳо 1006 нафарашон бонувон мебошанд. 


    Бо мақсади азнавсозии низом ва раванди таълим 317 нақша ва 170 барномаи таълимӣ таҳия ва тасдиқ шуда, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардид. Инчунин, аз рӯйи 17 ихтисос Стандарти салоҳияти касбӣ ва барномаҳои таълимии модулӣ таҳия ва тасдиқ карда шуда, ҳоло таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон тибқи ин стандартҳо ба роҳ монда шудааст.


    Дар ин муддат барои муҳайё намудани васоили таълим 30 ҳазор китоби дарсӣ бо маблағи умумии зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дастрас карда шуд. Инчунин, дар ҳамаи литсейи касбии техникӣ фиттаҳои китобҳои электронӣ ва дар 35 муассиса китобхонаҳои электронӣ фаъолият мекунанд, ки ҷиҳати рушди тафаккури техникии хонандагону омӯзгорон мусоидат мекунад. 


    Соли 2021 курсҳои кӯтоҳмуддатро дар заминаи марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир беш аз 10 ҳазор нафар аз рӯйи 48 ҳунар хатм намуданд, ки 1380 нафари онҳо духтарон мебошанд. 


    Бо мақсади ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шахсоне, ки ҳунар надоранд Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардид, ки тибқи он дар панҷ соли оянда ба касбомӯзӣ ҷалб намудани 1 млн. нафар пешбинӣ шудааст.


    Соли 2021 дар доираи Барномаи мазкур зиёда аз 155 ҳазор нафар ба ҳунаромӯзӣ ҷалб шуд, ки 66 ҳазор нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд. Дар робита ба ин, ҷиҳати мутобиқсозии таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат дар ин давра таҷрибаомӯзии муҳасилини муасисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар корхонаҳои азими саноатӣ ва коргоҳҳои истеҳсолӣ ба роҳ монда шуд.

Сайты государственных органов