15 марти соли равон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода Роҳбари нави Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷи Иброҳим Эрбирро ба ҳузур пазируфт.
Пас аз пазироӣ Ширин Амонзода миннатдории хешро ба роҳбари Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмир, муҷаҳҳазонидани устохонаи таълими истеҳсолӣ аз рӯйи ихтисоси пойафзолдӯзӣ дар МД «Литсейи касбии махсуси маъюбон”-и шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти техникии муосир ва дигар маводҳои зарурӣ, баён намуд.
Дар навбати худ Эрбир И. оид ба самтҳои ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои ТИКА, ки барои дастгирии соҳаи иҷтимоӣ, бахусус занону ҷавонон, шахсони имконияташон маҳдуд равона гардидаанд, маълумоти муфассал дода, маҷмуи маводҳоро вобаста ба марказҳое, ки дар доираи ҳамкории ТИКА таъсис дода шудаанд, зимни мулоқот пешниҳод намуд.
Ташкили курсҳои омӯзишӣ, аз ҷумла пойафзолдӯзӣ на танҳо барои хонандагон ва омӯзгорон ба роҳ монда мешавад ва қарор аст рӯзҳои наздик барои ҷалби тамоми шаҳрвандон - хоҳишмандон ташкил карда шавад.
Тибки мувофиқа санаи 17 март аз устохонаи таълими истеҳсолӣ аз рӯйи ихтисоси пойафзолдӯзӣ дар МД «Литсейи касбии махсуси маъюбон”-и шаҳри Душанбе ва ТҶ “Корвони умед “Чатр”” барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар ш.Душанбе” боздиди корй ба накша гирифта шудааст.