img
Нақши занон дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии кишвар беназир аст

Имрӯз, 5 март дар маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ифтихори Рӯзи Модарон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он Ширин Амонзода – Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми занону бонувони вазорат ва дар симои онҳо кулли занону модаронро ба ин рӯзи нек, яъне Рӯзи модарон таҳният гуфта, барояшон тани сиҳат, баракати кор, хонаи обод, бахту иқболи баланд, муваффақияту комёбиҳо ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Сипас, Раҳмонзода Афдулғаффор – муовини якуми вазир зимни суханронии табрикотии худ зононро ба рӯзи идашон таҳният гуфта, зикр кард: “Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбияву ба воя расонидани фарзандон, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии кишвари азизамон беназир аст. Чи тавре Пешвои муаззами миллат қайд намуданд “Мо - мардон вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расем. Мо набояд фаромӯш кунем, ки аз пайғамбарон сар карда, тамоми нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд”.

Ҳамзамон, Раҳмонзода дар идомаи ҳамоиши ҳашни иброз дошт, ки дар доираи барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани вазъи занон, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои занону духтарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлатӣ ва рушди ҷомеа ҷалб намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд. Вобаста ба ин, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Нақшаи миллии тадбирҳо дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо ба беҳбудии минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Дар фарҷом як гурӯҳ занон барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз тарафи садорати вазорат бо Сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

3/16/2022

Websites of government agencies