Имрӯз 25 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли ба қайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2023” ҷаласаи кории Комиссияи байниидоравии баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Раҳмонзода А.А., роҳбарону намояндагони як қатор вазорату идораҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва масъулин аз дастгоҳи макарзии вазорат ва сохторҳои он иштирок намуданд.
Ҷаласаи мазкур бо суханони муқаддимавии муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Раҳмонзода А.А оғоз шуда, сипас оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №439 «Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли (бақайдгирифтанашуда) ғайрирасмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019- 2023» муовини раиси Комиссияи байниидоравии Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли ба қайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019- 2023” сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ниёз Қурбонов гузориш дод.
Гузоришдиҳанда қайд иброз дошт, ки аз ба тасвиб расидани қарори мазкур ва Нақшаи татбиқи он қариб се сол сипарї гардида, дар ин давра як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Ҳадафи асосии Барнома ва Нақшаи мазкур ин пеш аз ҳама амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ба шуғли расмӣ ҷалб намудани аҳолии қобили меҳнат, таъмини кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии омори дақиқи қувваи корӣ, ғанӣ гардонидани буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Тазаккур дода шуд, ки вазорат охири ҳар сол доир ба иҷрои қарори мазкур маълумоти ҷамъбастиро таҳлил ва мушиклотро муайян намуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур менамояд.
Зимни ҷаласа намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои дохилӣ, молия ва дигарон доир ба пешгирӣ ва расмикунони шуғли бақайдгирифтанашуда фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.
Муовини якуми вазир Раҳмонзода А.А. ҷаласаи Комиссияи байниидоравиро ҷамъбаст намуда, барои фаъолияти пурсамари он пешниҳоду таклифҳо ва супоришҳо ба протоколи дахлдор ворид карда шуданд.