img
ЗАНОН-ПОСДОРАНДАИ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ. АНДЕШАҲОИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН КАМОЛ НАСРУЛЛО ДАР ИН МАВРИД

Таърих кайҳо собит намудааст, ки миллати тоҷик аҳли илму адабу ҳунар аст. Илму адабу ҳунар — ин се падидаи баланди ҷомеаи инсониро, ки асоси рушди маънавиёти ҷамъият ва инсонҳо мебошанд, наметавон аз сиришти миллати тоҷик, ки зотан миллати эҷодкору созанда аст, ҷудо намуд.  Далелаш ин аст, ки тамоми маросим ва суннатҳои қадимии башарӣ, аз қабили Садаву Наврӯзу Меҳргону Тиргон ва садҳо ойинҳои башардӯстонаву инсонпарварона дар рӯи Замин, ки имрӯз дар мамлакати мо маҳфуз мондаву эҳёи дубора меёбанд, маҳсули тахайюлу ҳунари ин миллати қадимӣ мебошанд. Симои маънавию таърихии халқи тоҷикро бе онҳо наметавон тасаввур кард. Инҳо суннатҳое мебошанд, ки дар онҳо беҳтарин дастовардҳои маънавии инсоният таҷассум ва маҳфуз мондаанд. Чунин ибрози назар намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.


-Хуҷастагӣ, тавоноӣ ва бегазандии ин падидаҳои баланди миллии халқи мо хусусан дар он зоҳир мегардад, ки онҳо аз сахттарин ва қотилтарин имтиҳонҳои таърих гузаштаву зинда мондаанд ва ба шарофати даврони шукуфони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таваллуди дубора ёфтаанд. Хуҷастагии дигари ин падидаҳо, яъне ҳунару маросими миллии тоҷикӣ боз дар он зоҳир меёбад, ки онҳо ҳама ҳадафҳои неки инсонпарваронаву инсондӯстона дошта, ба дарди тамоми башарият мехӯранд ва аз ин рӯ аст, ки аз ҷониби ҷаҳониён пазируфта шудаву истиқбол ёфтаанд.  Яъне, онҳо моро ба ҷаҳониён ҳам бо сурату симои нек муаррифӣ менамоянду ҳам ба онҳо наздик месозанд. Дар сарзамини тоҷикон бароварда шудани қонуну қарори махсусе, ки мусоидат ба эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ менамояд, бесабаб нест. Зеро рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ чанд ҷанбаи муфид дорад. Аввалан ин ки ҳар куҷое ҳунар ҳаст, инсон хор намешавад ва баъдан ҳунар аст, ки миллати бунёдкору созандаи моро ба бунёдкориҳои нав, ки сабаби рушди хоҷагии халқи мамлакат мегарданд, роҳнамоӣ менамоянд.


Дар ин радиф дар Тоҷикистони саросар кӯҳистони мо яке аз сарчашмаҳои нигаҳдорандаи ҳунарҳои мрдумӣ, бе баҳс, занону модарони тоҷик мебошанд. Ҷойи аввалро, гумон мекунам, ҳунари кайвонугӣ ва пухту пази таомҳои миллии мо мегирад, ки дар ҷаҳон назир надоранд. Ин ки зан-модари тоҷик пазандаи беҳтарин нон аст, мусаллам аст. Бубинед, агар тамоми дунё аз нонҳои хӯрданӣ якчанд намуд дошта бошад, дар Тоҷикистони мо он даҳҳо намуд дорад, ки агар намоиши анвои нонҳои тоҷикиро бунёд гузорем, барои тамошои он соатҳо кам аст ва агар номгӯи ин нонҳоро ин ҷо биёрем, низ варақҳоро бояд пур намоем.  Яъне, ҳатто анвои нон, ки расолаташ ғизо будан аст, худ намои фарҳангу ҳунари нотакрору бешабеҳи миллии мо аст. Ҳол он ки ҳунарҳои кайвонугии зан-модари тоҷик доманаи хеле фарох дорад, зеро садҳо намуди таомҳои рангоранги миллӣ низ маҳсули завқи баланд ва дасти ҳунари занони тоҷик аст.


Аз пухтупази сумалаку ҳалим (хӯроке, ки дар шаҳрҳои қадимаи тоҷикнишин маҳфуз мондааст), хӯрокҳое, ки дар дегҳои калон пухта мешаванд, то қурутобу шакаробу ширкаду, чандин намуди хӯрокҳо аз маҳсулоти ширӣ, сабзавоту меваҷот, намуди бешумори хӯрокҳои хамирӣ, аз зироати донагӣ, аз растаниву гулҳо, ки танҳо хоси дастурхони тоҷикон мебошанд, пухта мешаванд.  Ва ҷолиб ин аст, ки ин ҳама на фақат хӯроку ғизоянд, балки ҳар яки онҳо санъату ҳунари хоссаи омодасозӣ доранд. Бубинед, дастҷамъона омода намудани онҳо як чорабинии идонаро мемонад, ки бе парвариши завқу табъу одоби хосса нест. 


Масалан, пухтани оши палов аз реза кардани сабзиву пиёзу гӯшт то таза намудану шустани биринҷ ва мондани дегу гирондани оташ ҳама монанди як чорабинии идона аст, ки то пухтани таом завқҳоеро дар мо парвариш медиҳанд. Оқибат омода шудану кашидану ба рӯи дастурхон гузоштани табақи ош шабеҳи як иди хурди хонаводагӣ ва ё ҳарифона аст, ки ба дилҳо сурур мебахшад. Яъне, таоми тоҷикӣ барои мардуми тоҷик танҳо ғизо нест, балки чуноне ки дидем, падидае аст, ки расолатҳои зиёди дигар ҳам дорад- аз баҳамоӣ, дӯстиву рафоқат то тарбияи завқҳо. Ё бигирем, пухтани сумалак ва ҳалимро, ки як ҷамъомади шабонарӯзии занон асту бе суруду наво ва бе суҳбатҳои шавқовари дӯстона нест. 


Зан-модари тоҷик дар деҳот, дар кӯҳистон донандаи касбу корҳои шоистаи зиёде аст. Дар баробари касби аввали худ, яъне, омӯзгору тарбиятгари фарзандон будан, ӯ донандаву иҷрокунандаи тамоми касбҳои марбут ба хоҷагидорӣ дар деҳот аст. Ӯ чорводор аст ва нигоҳубини ҳайвоноти хонагиро бе ӯ наметавон тасаввур намуд. Ӯ як коргоҳи саноатии ширдӯшиву ҳосилкунанандаи анвои масолеҳи ширӣ дар хонадон аст. Зан-модари тоҷик ба ҳукми тақдир деҳқоне аст, ки дар кишту парвариши тамоми намуди зироат ҳунар дорад. Ӯ аз пахтакориву пахтачинӣ, аз шоликориву истеҳсоли биринҷ то ба кишту кори ҳама намуди сабзавот ҳисса мегузорад. Зани тоҷик беҳтарин агроному боғпарвар аст. Аз заҳмату кордонии ӯ аст, ки заминҳои наздиҳавлигии мо ҳамешаи сабзу хурраму боровар мебошанд.


Аммо ҳунару пешаҳои занону модарони мо бо ҳамин поён намеёбад. Дар бораи яке аз ҳунарҳои асосии занони тоҷик, ки реша дар қаъри таърих доштаву ҳамеша намои фарҳанг ва ҳунари бузурги миллати мо будааст, яъне, ҳунари дӯзандагии онҳо наметавон хомӯш буд. Имрӯз ҳам намунаҳои барҷастаи ҳунари гулдӯзиву зардӯзии занону модарони мо ҷаҳониёнро тасхир намудааст. Ин намунаҳои ҷолибу зебо, ки маҳсули ҳунари занони тоҷиканд, на фақат бо ҳунари иҷро, рангҳои дилпазиру тасвирҳои бемисл бинандаро тасхир мекунанд, балки дар ин ҳама нақшҳои гулдӯзиву зардӯзишуда ҳикмати асрҳо, бо маъниҳои амиқи фалсафиву кайҳонӣ абадан инъикос ёфтаанд, ки аз тахайюли бою ғанӣ ва дониши баланди фарҳангию илмии онҳо дарак медиҳанд. Дар ин гулдӯзиҳо ҳар нақш рамзе аст бо ҳазору як маънӣ, шарҳи он ба илмҳои асотир ва шинохти фарҳанги мозӣ мебарад.


Дар ин росто ҳунари либосдӯзӣ, хосса пираҳандӯзӣ аз атласу адрасу чакан боз як самти дигари фарҳанги бузургии миллии мо аст, ки дар ҳунарҳои мардумиамон боқӣ мондаву имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ эҳёи тоза ёфтааст. Метавон дар ин росто ҳунари дигари занони мо- дӯхтани кулоҳҳои миллиро низ ёдовар шуд, зеро кулоҳи тоҷикӣ сарпӯши одӣ набуда, рамзҳои осмоние дар худ ниҳон дорад. Одатан чунин аст, ки ҳар зани тоҷик дар кӯҳистон худаш, бо дастони тиҳии пур аз ҳунараш як коргоҳи ҳунар аст. Аз ғоз додани пахтаву пашм то ресидану омода намудани наху ришта, то бофтани матою резишу буриши он ва дӯхтани, фарз кардем, пироҳани зебое ҳама ҳунари волою беназири як зан ё модари тоҷик аст, ки бешубҳа, чунин кори дастӣ дар хориҷа арзиши баланд дорад. Занону модарони мо аз замонҳои қадим, қариб ҳар яке дар хонадонаш дастгоҳи рағзабофӣ доштанд ва ҳоло ҳам доранд, ки тавассути он гилемҳои қавиву рангин мебофанд, ки дар сифату зебоӣ ҳамто надоранд ва метавонанд бо беҳтарин маҳсулоти шабеҳашон дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобат дошта бошанд.


Инҳо ҳама он касбу кор ва масъулиятҳое мебошанд, ки зани тоҷик илова ба расолати аслияш- ба дунё овардану парваридану маърифат омӯзонидан ба фарзандон бар дӯш гирифтааст. Илова бар ин ҳама имрӯз зан-модари тоҷик соҳиби пешаҳои гуногун дар ҷомеа мебошад. Ӯ олиму табибу омӯзгор аст, адибу кишоварзу корманди даҳҳо корхонаҳои саноатӣ аст, ӯ мутахассиси даҳҳо ҳунару касби навини ҷомеа мебошад, ӯ соҳибкори муваффақе аст, ки дар пешрафту рушди ҷамъият саҳм мегузорад ва оқибат ӯ роҳбари муваффақи корхонаву идораҳои давлатӣ буда, ҳамчун хизматчии давлатӣ ва фаъоли ҷамъият саҳми шоистаашро дар бунёдкориву ободонии Ватан дар қатори мардон мегузорад. Бубинед, ин ҳама масъулиятҳое, ки имрӯз зан-модари тоҷик бар дӯш дорад, далели шуҷоату ҷоннисориҳои ӯянд ва мо бояд пеши пои модарон саҷда намоем. Бале, ин ҳама арҷгузории халқи мо, хусусан Пешвои миллатамон ба занону модарон беҳуда нест, онҳо ҳамеша сутуни асосии рӯзгор, нигаҳдорандаи ҳама суннатҳои волои миллии мо буданду ҳастанд, ки дар навбати худ ин сутун нигаҳдорандаи миллати мо дар рӯи Замин мебошад.

 

khovar.tj


Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

11.03.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ