img
ВОХУРИИ НАМОЯНДАГОНИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БО ҶАВОНОНИ ФАЪОЛИ ВАЗОРАТ.

Имрӯз 24 уми январи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш Сардори раёсати котиботи вазорат Садбарг Собирзода, Роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Фариддун вобаста ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон иштирок намуда, маърӯза карданд.


Дар ҳамоиши мазкур ҷовонони фаъоли дастгоҳи марказии вазорат, Агентии меҳнат ва шуғлӣ, Хадамотҳо ва дигар сохторҳои таркибии вазорат ширкат доштанд. Таъкид карда шуд, ки дар замири ҷавонони кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд.


Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳоди созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. 


Ҷавобан ба ин ғамхориҳо наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо ҷавонони сарбаланди кишвар иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ доранду ҳамзамон дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, алалхусус дар самти соҳаи меҳнат, саҳми назаррас доранд.

24.01.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ