ЭЪЛОН!
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар соли 2025 озмун эълон менамояд.
Номгӯйи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда
барои иштирок дар озмуни грантҳо:
- ариза ба унвони раиси Комиссия;
- лоиҳаи асоснокшудаи ҳунарманд дар бораи самти фарогирии ҳунаре, ки дорад ва минбаъд онро рушд медиҳад;
- маълумот дар бораи ҳунарманд;
- нусхаи шиноснома;
- 2 дона акси 3×4;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома аз маҳалли истиқомат;
- ҳуҷҷати бақайдгирии давлатии соҳибкорӣ, агар тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин бақайдгирӣ талаб карда шавад (патент, шаҳодатнома);
- ҳуҷҷатҳои дигаре, ки довталаб ба озмун пешниҳод намудани онҳоро зарур медонад. Бояд дарҷ намуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ҷудо карда мешавад, ҳар як грант ба андозаи то 25 000 (бисту панҷ) ҳазор сомонӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ равона карда шудааст. Ҷиҳати амалисозии ин иқдом дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи грантӣ оид ба дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ таъсис дода шудааст.
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба озмун аз 1 март то 1 апрели соли 2025. Суроға: ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Навоӣ 5/2, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи 1, №7. Телефонҳо барои тамос: 2503235; 2503239