img
ҲАСАНЗОДА ГУЛНОРА КЕНҶА БО РОҲБАРИ НАВТАЪИНИ НАМОЯНДАГИИ ЮНИСЕФ ДАР ТОҶИКИСТОН АРТУР ВАН ДИАСЕН МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОД.

Имрӯз 18 уми январи соли 2024 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо роҳбари навтаъини Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур Ван Диасен мулоқот намуд.

 

Дар оғози мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутаносибан судманди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон изҳори қиноатмандӣ карданд.

 

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ ҷиҳати фароҳам овардани заминаи мусоид дар рушди соҳа ҳамкориро бо ЮНИСЕФ хуб ба роҳ мондааст.

 

Вазорат бо ЮНИСЕФ ҳамкории зич дошта,  аз соли 2018 то моҳи июни соли 2022 лоиҳаи «Кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар Ҷанубу Шарқ, Ҷануб ва Осиёи Марказӣ»-ро самаранок татбиқ намуд.

 

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар 6 шаҳру ноҳияҳои пилотӣ (Рӯдакӣ, Қубодиён, Кӯлоб, Дӯстӣ, Конибодом, Муъминобод, Ваҳдат) оғоз шуда, то ба охир расидани муҳлати амал 23 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро фаро гирифт.

 

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳамкориро дар оянда низ пайваста зери назари ду ҷониб қарор доданд.

 

 

 

 

 

 

18.01.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ