img
«ЗАН-МОДАР ЧУН БАҲОРИ ПУРНАКҲАТУ МУАТТАР ТАҶАССУМГАРИ ФАРДОИ ОБОД АСТ». ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР СИТОИШИ ЗАН-МОДАР!

 

Арҷгузорӣ ба зан, яъне ба модар ва ба оила, яъне ба сарчашмаи ҳаёт ва инсоният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша баланд буд ва чунин мемонад. Имрӯз, вақте ки Тоҷикистони азизи мо соҳиби Истиқлоли давлатӣ шуд, ин арҷгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам афзунтару  шукуҳмандтар гардидааст. Дар зер чанде аз гуфтаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар васфи Зан- Модар — гавҳари ноёби ҳар хонадон пешниҳоди хонандагон мегардонем. Тамоми бузургони оламро, ки хизматҳои барҷастаи таърихӣ анҷом додаанд ва инсоният бо ному корномаи онҳо ифтихор менамояд, Модар ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳраш парваридааст.
***
Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст.
***
Мо вазифадорем, ки модарону духтаронро ҳамчун чароғи хонадон ва нигоҳдорандаи гармии ҳар хонаву кошона дӯст дорем, ба қадри муҳаббату бедорхобӣ ва заҳмату талошҳои онҳо расем, эҳтиромашонро ба ҷо оварем ва кӯшиш намоем, ки занон-модарон ва хоҳарону духтарони мо ҳамеша саломат, хушбахт ва саодатманд бошанд.
***
Зан – Модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.
***
Модар мавҷуде аст, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва дар чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад.

***
Арҷ гузоштан ба бузургии Модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии вай вазифаи ҷониву имонии ҳар фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар фарди бонангу номус ба шумор меравад.
***
Инсон дар ҳаёташ дар сурате ба комёбиву муваффақият ва зиндагии бобаракат муяссар мегардад, ки дуои неки Модар ва Падарро гирифта, ба қадри ранҷу заҳмати волидайн, дилсӯзиву ғамхории онҳо ва шири сафеди Модар расида бошад.
***
Зан – Модар ойинаи чеҳранамои миллат мебошад. Дар урфият гуфтаанд, ки «агар хоҳӣ, ки ба фарҳангу маърифати миллате баҳо диҳӣ, ба чеҳраи занону модарони он миллат нигар».
***
Зан – Модар табиатан офаранда, созанда, парваришгар, ҷомеасозу ояндасоз ва идомабахши ҳаёт мебошад.
***
Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубоне аст, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия менамояд ва дар раванди тарбия дар қалби фарзандаш эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд.

***
Тамоми бузургону фарзонаҳои оламро Модар ба дунё оварда, ба мартабаҳои оламшумул расонидааст.
***
Ҳар қадаре, ки бузургон Модарро ситоиш накунанд ва ба ҳар андозае, ки мо хизмати ӯро ба ҷо наоварем, ранҷи бедорхобӣ ва заҳмати барои як фарзанд кашидаи ӯро ҷуброн карда наметавонем.
***
Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб Модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.
***
Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр менамоем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем.
***
Модар ягона мавҷуде аст, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳраш мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.
***
Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар шахс ба шумор меравад.
***
Занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва ойинҳои асилу деринаи халқамон, хусусан дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони боодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошанд.

***
Мо — мардон вазифадор ҳастем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарон ва умеду интизориҳои онҳо расем. Мо набояд фаромӯш кунем, ки аз пайғамбарон сар карда, тамоми нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки Модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд.
***
Мо бояд доим дар ёд дошта бошем, ки парваридаи Модари боиффату соҳибмаърифати тоҷик ва намояндаи яке аз миллатҳои куҳанбунёду тамаддунсози дунё мебошем.
***
Аксари мутафаккирони барҷастаи гузаштаву муосири олам, аз ҷумла адибони мо хислатҳои ҳамида, бузургӣ ва қудрати азалии Модарро ситоиш намуда, дар назди мақому мартаба ва нақши беназири ӯ дар зиндагӣ сари таъзим фуруд овардаанд.
***
Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад.
***
Мо ифтихор менамоем, ки модари тоҷик давоми тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда будааст ва ин рисолати муқаддасашро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.
***
Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад.
***
Зан-Модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои нек фарзандашро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгару насиҳатгар мебошад.
***
Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз Модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад.
***
Аввалин омӯзгори беминнати инсон Модар буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомӯзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ӯ тарбия менамояд.

***
Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
***
Меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад.
***
Меҳри Модари мушфиқу ғамхор барои ҳар фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне бӯи биҳиштии Модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегардад.
***
Рӯзи Модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои Модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад.
***
Зан – Модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад.
***
Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳраш ба камол расонида, онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ намудааст.
***
Дӯст доштан, эҳтиром намудан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад.
***
Агар ободиву суботи ҷомеаро осоишу оромии ҳар оила таъмин намояд, дар навбати худ, ободии ҳар хонадон аз руҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии Зан – Модар сарчашма мегирад.
***
Таҷрибаи ҳаёт ва таърихи башарият собит месозад, ки дар ҳар давлате, ки ба занон-модарон арҷи бештар мегузоранд, аҳолии он осудаву пешрафта мебошад.

 

khovar.tj

07.03.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ