ТАЪМИНИ ХОБГОҲИ ВАЗОРАТ БО ЛИФТИ ЗАМОНАВӢ
https://www.facebook.com/share/p/1EaXAe4yMN/
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ, ки бо дастури бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ мешаванд, навсозии лифтҳои биноҳои истиқоматии солҳои шӯравӣ бунёдшуда идома дорад. Ин иқдом бахше аз раванди васеи навсозии инфрасохтори шаҳрӣ буда, ҳадафи аслии чунин корҳо ба шароити муносибтару бехатари зиндагӣ фароҳам овардани муҳити шаҳрӣ мебошад. Яке аз чунин биноҳо хобгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Р. Набиев 292-и шаҳри Душанбе мебошад. Дар ин ҷо солҳои зиёд лифт кор намекард.
Раиси хобгоҳ Аслам Раҳимов зимни суҳбат иброз дошт, ки лифти бино пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ то имрӯз фаъол набуд. Яъне сокинони хобгоҳ маҷбур буданд мушкилоти ҳаракат дар дохили бинои чандошёнаро бе истифода аз лифт паси сар кунанд. Ин барои сокинони ошёнаҳои болоӣ мушкилоти ҳамарӯза ба ҳисоб мерафт. Акнун ин мушкил роҳи ҳалли худро пайдо мекунад. Масъулини ширкати ватании лифтсозии «Имод», ки истеҳсол ва насби лифтҳоро ба уҳда доранд, иттилоъ доданд, ки лифтҳои мазкур тибқи фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар корхонаи ватанӣ истеҳсол шуда, барои биноҳои истиқоматӣ ройгон таъмин ва насб мешаванд.
Айни замон корҳои насби лифт дар бинои «Б»-и хобгоҳ идома доранд. Тибқи иттилои масъулин, корҳои насбу васлкунӣ дар назар аст то ду ҳафта идома ёбанд. Пас аз анҷоми корҳо бошандагони бино имкон пайдо мекунанд, ки аз лифти нав истифода баранд ва мушкилоте, ки солҳо бо онҳо ҳамроҳ буд, ба таърих пайвандад. Дар арафаи ҷашни муҳимми давлатӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иқдом аҳаммияти хос дорад. Зеро таҷлили ҷашни миллӣ танҳо бо баргузории чорабиниҳои идона маҳдуд намешавад. Ободонии маҳаллаҳо, таъмиру навсозии биноҳои истиқоматӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои коммуналӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии мардум низ аз беҳтарин намунаҳои истиқболи сазовори ин санаи таърихӣ мебошанд.
Бошандагони хобгоҳ аз таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи роҳбарияти шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои фароҳам овардани чунин шароити мусоиди зиндагӣ самимона сипосгузорӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, баъди солҳои зиёд боз фаъол шудани лифт барои сокинони бино, бахусус пиронсолон ва оилаҳои дорои кӯдакон, воқеан як туҳфаи арзишманд ва хушхабар ба шумор меравад.