ҒОЛИБИ ҶОИЗАИ МИЛЛИИ «ТОП-50»
https://www.facebook.com/share/p/1CxNwdu2NK/
Ниссо Фаромузова, мушовири Маркази захиравии муҳоҷирони назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷоизаи миллии «ТОП-50» сазовор гардид.
Ҷоизаи миллии «ТОП-50» яке аз иқдомҳои муҳими радиои «Ватан» ба шумор рафта, ҳамасола ба шахсиятҳои фаъол, соҳибистеъдод ва ташаббускор, ки дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, тақдим карда мешавад. Имсол дар қатори чеҳраҳои фаъол ва арзандаи ҷомеа Ниссо Фаромузова, мушовири Маркази захиравии муҳоҷирони назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти он дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ мегардад, ба Ҷоизаи миллии «ТОП-50» сазовор дониста шуд.
Ниссо Фаромузова барои фаъолияти пурсамари касбӣ дар самти рушди захираҳои инсонӣ, дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон, мусоидат ба раванди реинтегратсияи онҳо, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва мубориза бо қаллобии интернетӣ, инчунин барои таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба ин ҷоиза пешниҳод гардидааст.
Фаъолияти ӯ ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар бораи муҳоҷирати бехатар ва қонунӣ, омодасозии пешакии шаҳрвандон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ, пешгирии ҷалби онҳо ба доми қаллобон ва мусоидат ба мутобиқшавии муҳоҷирони бозгашта ба бозори меҳнати дохилӣ равона шудааст.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода Ниссо Фаромузоваро ба муносибати интихоб шуданаш ба қатори қаҳрамонони «ТОП-50» табрик намуда, саҳми ӯро дар татбиқи ташаббусҳои соҳа ва таҳкими ҳамкориҳо бо шарикони рушд назаррас арзёбӣ кард.
Аз ҷумла, саҳми Ниссо Фаромузоваро дар самти иттилоотонидани шаҳрвандон оид ба имкониятҳои муҳоҷирати бехатар ва қонунӣ, пешгирии ҳолатҳои қурбонии қаллобӣ, омодасозии шаҳрвандон пеш аз сафар, инчунин ташкили чорабиниҳои муштарак бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати мусоидат ба бокортаъминшавии шаҳрвандон дар дохили кишвар муҳим арзёбӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки фаъолияти Марказҳои захиравии муҳоҷирон яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд ба ҳисоб меравад. Айни замон чунин марказҳо дар 14 кишвари ҷаҳон фаъолият намуда, дар самти баланд бардоштани сатҳи огоҳии муҳоҷирон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, омодагӣ ба фаъолияти меҳнатӣ ва бозгашти бехатару мутобиқшавии иҷтимоии шаҳрвандон нақши муҳим доранд.
Сазовор гардидани Ниссо Фаромузова ба Ҷоизаи миллии «ТОП-50», бахусус дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-солагии фаъолияти Марказҳои захиравии муҳоҷирон, нишонаи эътирофи фаъолияти самаранок ва саҳми назарраси ӯ дар самти дастгирии муҳоҷирон ва рушди иҷтимоии кишвар мебошад.
Ин дастовардро метавон яке аз натиҷаҳои назарраси ҳамкории созандаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд ва қадршиносии фаъолияти мутахассисони соҳа дар роҳи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва мусоидат ба рушди захираҳои инсонӣ арзёбӣ намуд. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниссо Фаромузаро ба ин дастоварди арзанда самимона табрик намуда, барояш дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ муваффақият, ташаббусҳои созанда ва дастовардҳои нав орзу менамояд.