МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ ДАВЛАТИ ҚАТАР
https://www.facebook.com/share/p/1J4WBf8qbi/
Санаи 6 августи соли 2026 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ҳайати Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатарро бо роҳбарии муовини вазир доктор Ҳариб Муҳаммад Саид Алҷабрӣ ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба таъсис ва ташкили фаъолияти «Маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷониби Қатар аз корҳои то имрӯз анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон, омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба таъсиси чунин марказҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ иброз дошт.
Мавриди зикр аст, ки таъсиси Маркази мазкур барои ҳар ду кишвар аҳамияти стратегӣ дошта, барои ба сатҳи нав баровардани низоми омодасозии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафар ба фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард. Марказ имконият фароҳам меорад, ки омӯзиши касбҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати Давлати Қатар, омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуси шаҳрвандон, инчунин мутобиқсозии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври самаранок таъмин гардад.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷиҳати татбиқи босамари лоиҳаи мазкур ва таҳкими шарикии ду кишвар дар самти рушди захираҳои инсонӣ таъкид намуданд.