РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
https://www.facebook.com/share/p/1LHYyZt2aY/
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар миллат пояи ҳастӣ, рамзи соҳибихтиёрӣ ва омили асосии рушду пешрафти давлат ба ҳисоб меравад. 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди муҳиму сарнавиштсоз ба вуқӯъ пайваст: Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро эълон намуда, ҳамчун давлати соҳибистиқлол вориди арсаи сиёсии ҷаҳонӣ гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ барои халқи тоҷик имконият фароҳам овард, ки роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро интихоб намояд. Солҳои аввали истиқлол барои Тоҷикистон давраи бисёр ҳассос ва пур аз озмоишҳо буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони иқтисодӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ рушди кишварро ба таври ҷиддӣ маҳдуд карданд. Бо вуҷуди ин, ба шарофати талошҳои муштарак, иродаи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон тавонист сулҳу суботро барқарор намуда, барои рушди устувори давлат заминаи боэътимод фароҳам оварад.
Аз ҳамин давра сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ташаккул ёфта, ба омили муҳими ҳифзи истиқлол, таъмини амният ва таҳкими мавқеи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил гардид. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият мусоидат ба барқарорсозии сулҳу субот буд. Бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти кишвар ва мусоидати Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳои кафил ва шарикони байналмилалӣ, ба низои дохилӣ хотима бахшида шуда, соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдод ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳими дипломатияи тоҷик дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон эътироф мегардад.
Дар тӯли 35 соли Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро пайгирона густариш дода, ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшидааст. Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 186 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, бо беш аз 70 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ кардааст. Яке аз хусусиятҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода» мебошад, ки бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат амалӣ мегардад. Ин сиёсат барои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои ҷаҳон, ҷалби сармоя, густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар натиҷа, Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати сулҳҷӯ, ҷонибдори ҳамкорӣ ва ташаббускори масъалаҳои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо ташаббусҳои байналмилалии худ дар соҳаи об ва ҳифзи муҳити зист мавқеи арзандаро соҳиб гардидааст. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид як қатор қатъномаҳои муҳим, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) ва Қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро қабул намудааст. Ин ташаббусҳо саҳми арзандаи Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо инъикос намуда, обрӯ ва нуфузи байналмилалии кишварро боз ҳам таҳким бахшидаанд.
Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва мусоидат ба таъмини сулҳу субот дар Афғонистон мавқеи устувор ва созандаи худро пайгирона пеш мебарад, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ мавриди қадрдонӣ қарор гирифтааст. Таҷрибаи 35 соли истиқлол ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки рушди робитаҳои байналмилалӣ на танҳо воситаи таҳкими мавқеи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, балки барои рушди иқтисоди миллӣ, густариши бозори меҳнат, таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон низ аҳаммияти калидӣ дорад. Дар ин раванд Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии соҳавӣ нақши муҳим мебозад.
Тавассути густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ бо давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии танзими муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират мунтазам такмил ёфта, доираи ҳамкориҳои байналмилалии вазорат пайваста васеъ гардидааст. Ин раванд ба татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мусоидат намуда, барои ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Маҳз дар натиҷаи татбиқи сиёсати «дарҳои кушода», ки яке аз самтҳои калидии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ҳамкориҳои байналмилалии соҳаро ба марҳилаи нави рушд бароварда, онҳоро дар самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, танзими бозори меҳнат, рушди малакаҳои касбӣ, омодасозии кадрҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба таври назаррас густариш диҳад.
Дар солҳои аввали истиқлолият фаъолияти байналмилалии соҳа асосан ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, равона гардида буд. Бо таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалиятҳои сиёсати соҳавӣ низ тадриҷан такмил ёфта, мазмун ва самти нави рушдро касб намуданд. Имрӯз сиёсати байналмилалии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба модели рушди устувори сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии неруи корӣ асос ёфта, ҳадафи асосӣ на танҳо мусоидат ба шуғли шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, балки омода намудани мутахассисони соҳибихтисос, баланд бардоштани сатҳи малакаҳои касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, рушди салоҳиятҳои муосири меҳнатӣ ва мутобиқ намудани захираҳои инсонӣ ба талаботи бозори меҳнати байналмилалӣ мебошад.
Дар доираи татбиқи ин сиёсат, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо мақомоти ваколатдори зиёда аз 17 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Подшоҳии Белгия ба роҳ мондааст. Пояи ҳуқуқии ин ҳамкориҳоро 39 санади байналмилалии соҳавӣ ташкил медиҳанд, ки самтҳои гуногуни ҳамкориро дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаро мегиранд.
Таҷрибаи солҳои истиқлол нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст заминаи устувори ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи меҳнат ва муҳоҷират ташаккул дода, онҳоро ба яке аз воситаҳои муҳими татбиқи сиёсати иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ ва пешбурди рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар табдил диҳад. Имрӯз ин ҳамкориҳо на танҳо ба ҳалли масъалаҳои ҷории соҳа мусоидат менамоянд, балки барои таҳкими иқтидори кадрӣ, рушди сармояи инсонӣ, ҷалби таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва ҳамгироии кишвар ба бозори ҷаҳонии меҳнат низ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат ва муҳоҷират мебошад. Ҳадафи асосии ин сиёсат густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои қабулкунандаи қувваи корӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои фаъолияти меҳнатии онҳо дар бозорҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Таҷрибаи 35 соли истиқлол нишон медиҳад, ки муносибатҳои байналмилалӣ дар ин самт тадриҷан аз ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии оммавӣ ба ташкили муҳоҷирати қонунӣ, бехатар ва муназзам, инчунин рушди малакаҳои касбӣ ва сармояи инсонӣ равона гардидаанд.
Дар солҳои аввали истиқлол Федератсияи Россия самти асосии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Бо дарназардошти робитаҳои таърихӣ, наздикии фарҳангӣ ва талаботи бозори меҳнати ин кишвар, ҳамкориҳои дуҷониба асосан ба танзими равандҳои муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва такмили заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти меҳнатӣ нигаронида шуданд. Ҳамкории Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуда, барои беҳтар намудани шароити фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо ва такмили механизмҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат намуд. Бо рушди муносибатҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати диверсификатсияи бозорҳои меҳнатиро низ пайгирона амалӣ намуд. Ҳадафи ин сиёсат коҳиш додани вобастагӣ аз як самти муҳоҷират ва фароҳам сохтани имкониятҳои васеътар барои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандон дар кишварҳои гуногун мебошад.
Агар дар солҳои аввали истиқлол аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо ба як кишвар равона мешуданд, имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон имкони кору фаъолияти касбиро дар давлатҳои Осиё, Аврупо ва минтақаи Халиҷи Форс низ пайдо намудаанд. Ин раванд ба коҳиши хавфҳои вобастагӣ аз як бозори меҳнат, баланд гардидани рақобатпазирии қувваи корӣ ва тавсеаи имкониятҳои интихоби шаҳрвандон мусоидат менамояд. Дар айни замон Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Подшоҳии Белгия ва дигар давлатҳо ҳамкориҳои соҳавиро ба роҳ мондааст. Густариши чунин ҳамкорӣ аз ворид гардидани сиёсати байналмилалии соҳа ба марҳилаи нави рушд шаҳодат дода, барои шаҳрвандони кишвар имкониятҳои бештарро дар бозорҳои ҷаҳонии меҳнат муҳайё месозад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими ин марҳила гузариш аз муҳоҷирати меҳнатии анъанавӣ ба муҳоҷирати тахассусӣ мебошад. Дар шароити муосири бозори ҷаҳонии меҳнат танҳо мавҷудияти қувваи корӣ кофӣ набуда, сатҳи тахассус, малакаҳои касбӣ, дониши забонҳои хориҷӣ, саводнокии рақамӣ ва қобилияти мутобиқшавӣ ба талаботи нави истеҳсолот аҳамияти калидӣ касб намудааст. Бо ҳамин мақсад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба рушди сармояи инсонӣ, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии шаҳрвандон равона кардааст. Ҳамкориҳо бо Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва дигар шарикони байналмилалӣ намунаи равшани чунин муносибати нав мебошанд. Дар доираи ин ҳамкорӣ ба масъалаҳои омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодасозии мутахассисони соҳибмалакаи ҷавобгӯ ба талаботи бозорҳои меҳнати пешрафтаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Аз ҷумла, ворид гардидани Тоҷикистон ба Низоми иҷозати кори Ҷумҳурии Корея (EPS), таъсиси Маркази EPS дар шаҳри Душанбе, густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ, татбиқи барномаҳои таҳсилоти дуалӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва дигар ташаббусҳои муштарак намунаҳои амалии сиёсати рушди сармояи инсонӣ мебошанд. Ҳадафи асосии ин иқдомҳо омода намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун мутахассисони соҳибкасб ва рақобатпазир барои фаъолияти самаранок дар бозори ҷаҳонии меҳнат мебошад. Бо дарназардошти рушди босуръати технологияҳо ва тағйирёбии сохтори иқтисоди ҷаҳонӣ, масъалаи омодасозии кадрҳои дорои малакаҳои муосир аҳамияти бештар пайдо кардааст. Аз ин рӯ, рушди таҳсилоти касбӣ ва такмили малакаҳои касбӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои хориҷӣ ва шарикони рушд мебошад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои густурда ва самарабахшро дар доираи лоиҳаҳои муштарак бо Созмони Милали Муттаҳид, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Иттиҳоди Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд ва дигар созмонҳои байналмилалӣ амалӣ намудааст. Натиҷаи ин ҳамкориҳо барои такмили қонунгузорӣ, рушди институтсионалӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани имкониятҳои нави касбомӯзӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ, такмили маҳорати омӯзгорон ва мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Тоҷикистон то имрӯз ба 51 конвенсияи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ҳамроҳ гардидааст, ки аз уҳдадории кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои байналмилалии меҳнат, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон ва мутобиқ намудани муносибатҳои меҳнатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Паймони глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, муназзам ва қонунӣ қадами муҳим дар рушди сиёсати муосири муҳоҷират арзёбӣ мегардад. Ин санад барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва идоракунии самараноки равандҳои муҳоҷират имкониятҳои нав фароҳам овардааст.
Самти муҳими дигари фаъолияти байналмилалии Вазорат ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Шурои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Шурои рохбарони мухоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ иштироки фаъол дошта, дар таҳия ва татбиқи қарорҳо, барномаҳо ва санадҳои муштарак саҳми назаррас мегузорад. Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ва баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе мавқеи кишварро ҳамчун шарики боэътимод ва ташаббускори ҳамкориҳои минтақавӣ боз ҳам таҳким бахшид.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳо, рақамикунонии иқтисодиёт ва тағйирёбии талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ боз ҳам меафзояд. Аз ин рӯ, рушди механизмҳои нави ҳамкорӣ, ҷалби таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ, эътирофи байналмилалии тахассусҳои касбӣ, рушди низоми сертификатсияи малакаҳо, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии муҳоҷират, тавсеаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва густариши муҳоҷирати муташаккилона аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи соҳа маҳсуб меёбанд. Бо итминон метавон гуфт, ки ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҳамчун воситаи муҳими татбиқи сиёсати давлатии меҳнат, рушди сармояи инсонӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва таҳкими мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ хоҳанд дошт.
Асоева Базмбӣ Зуҳуровна
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ