Хабарҳо

Эълон

Пагоҳ санаи 25 июли соли 2019 соати 09:00 дар бинои Маркази матбуотии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»,  нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти он дар нимсолаи аввали соли 2019 баргузор мегардад.

Хабарҳо

Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Раванди муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»

19 июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо  ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Намояндагии Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират (СБМ),  Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М.В. Ломоносов  конфронси   байналмилалӣ дар мавзӯи «Раванди муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: […]

Хабарҳо

«Раванди муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-таҳти ин унвон дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад

19 июли соли равон бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Раванди муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии илм ва таҷриба» конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад. Бояд ќайд кард, ки дар кори конфронс роҳбарон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, инчунин […]

Хабарҳо

КУМАКИ ХАЙРИЯ БАХШИДА БА РУЗИ МАЪЮБОН

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2018, №8 «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №АП-983» Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии […]

Хабарҳо

Ҷаласаи Кумитаи назораткунанда

2 июли соли 2019 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи сеюми Кумитаи назораткунанда доир ба баррасии лоиҳаи пилотии «Пешбурди рушди фарогири иқтисодӣ тавассути грантҳои ҳиссавӣ барои кишоварзӣ ва агробизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Кумитаи назораткунанда аз вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат муҳоҷират ва шуғли […]

Хабарҳо

Ҷаласаи сеюми Кумитаи ҳамоҳангсози лоиҳаи «Ҳифзи кўдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта»

28 июни соли ҷорӣ дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Кумитаи ҳамоҳангсози лоиҳа Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳифзи кўдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид. Сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии дастгоҳи марказии вазорат Саидов […]

Хабарҳо

Баргузории фестивал-озмун

Дар боғи Ирам даври ниҳоии фестивал озмуни кандакорӣ, гаҷкорӣ, ойнабандӣ ва кундалнигорӣ баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки чорабании мазкур бо мақсади иҷрои банди 24 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ шудааст, […]

Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳия ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт  бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳия ва  филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистонро  ифтитоҳ намуданд. Бояд қайд кард, ки дар кушодашавии он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода […]

Хабарҳо

Ҷашни Рўзи вахдати миллӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури  Тоҷикистон баҳшида ба 22 солагии  Рўзи ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Муовини якуми Вазир – Сангинзода Эмин Нуъмон кормандонро бо ин иди бошукўҳ табрик намуда, оид ба аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расидааст […]

Хабарҳо

Гузориши матбуотӣ оид ба ифтитоҳи майдончаи варзишӣ

Имрўзҳо дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ идома доранд. Бунёди майдончаи варзишӣ, бозии кўдакон ва истироҳати калонсолон воқеъ дар ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон назди биноҳои М7/1, М7/3, М7/4, М7/5 25 ва 26  дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон […]