Хабарҳо

ТАВАҶҶУҲ! Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии Россия мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд

  Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба таваҷҷуҳи ҳамватанон мерасонад, ки бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати пандемияи COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ мегардад. Сафорат иттилоъ медиҳад, ки айни замон масъалаи бозгардонии дигар шаҳрвандони […]

Хабарҳо

Номаи муҳоҷир: САНГ БАР САРИ МОДАР НААФКАНЕД, КИ САНГ БАР САРИ ХУДАТОН МЕФУРОЯД

  Солҳост, ки дар кишвари Русия муҳоҷирам ва ин номаро ба модар менависам. Азизи Ширин ному насабам, аз ноҳияи Кўшониён. Аз он хотир, ки шумо -кўрдилону ифротиёнро низ модар зодааст, маҳз ба хотири ин ҳури биҳиштӣ аз ҳаёҳуйи беҳуда ва дурўғбофию сангандозиҳо ба сўи ватан соате даст бардошта, нигоҳ ба ин сатрҳо бандед, то виҷдону […]

Хабарҳо

Бозгашти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ватан

Шоми рӯзи 2 июни соли 2020 қариб 250 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сарҳади давлатии Қазоқистон бо Ӯзбекистон дар монда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Интиқоли онҳо ба воситаи автобусҳои мусофиркаш тавассути қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт. Интиқоли шаҳрвандони кишвар бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Консулии генералии […]

Хабарҳо

Баргузории тренинги фосилавӣ бо иштироки кормандони масъули вазорат, шарикони сетарафа, вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносони байналмилалӣ

  Бо мақсади саривақт ва босифат пешниҳод намудани маърўзаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи муқаррароти конвенсияҳои Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат (ТБМ) дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои 26-29 майи соли ҷорӣ тренинги фосилавии онлайнӣ бо иштироки муовини Вазир,  кормандони масъули вазорат, шарикони сетарафа, вазорату идораҳои дахлдор  ва коршиносони байналмилалӣ баргузор гардид. […]

Хабарҳо

Кумаки моддии Ҷамъятии тоҷикон “Сомониён”- и шаҳри Уфаи Федератсияи Россия ба донишҷўён ва муҳоҷирон

  Дар пайравӣ ба иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии эҳтиёчмандон бо мусоидати намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту созмонхои чамъиятии ҳамватанон дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишчуён, ки дар вазъи карантин карор доранд, кумаки хайрия расонида шуда истодааст. […]

Хабарҳо

Кумаки моддии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

  Тавре аён аст имрўзҳо дар миқёси ҷаҳон пандемияи коронавирус доман паҳн намуда,  моро дучанд муваззаф мегардонад, ки чун ҳарвақта бо ҳамдигар сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем ва неъмати бузургтарини арзишҳои инсониро боло гузошта, онҳоро аз даст надиҳем. Аз ин рў, дастгирӣ намудани беморону ниёзмандон ва ба хусус табибон яке аз амали некукорӣ ва […]

Хабарҳо

КУМАКИ МОДДИИ СОҲИБКОРИ ТОҶИК ДАР НОВОСИБИРСК ХАЛҚИЯТУ МИЛЛАТҲОИ ДИГАРРО ХУШҲОЛ НАМУД

  Дар пайи хуруҷи бемории сироятии Ковид-19 ва ҷорӣ гардидани карантин дар қаламрави Федератсияи Россия на танҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, балки муњољирони мењнатии кулли кишварҳо муваққатан бекор мондаанд. Дар ин баробар дарсҳои донишҷӯён низ ҷиҳати ҳифзи саломатии онҳо ба таври фосилавӣ ва ё онлайн роҳандозӣ гардидаанд. Тавре хабарнигори махсуси АМИТ “Ховар” дар Федератсияи Россия […]

Хабарҳо

МАШВАРАТИ КОРИИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРИЯТ ВА ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ НАМОЯНДАГИИ ВАЗОРАТ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ОИД БА МУҲОҶИРАТ ТАРИҚИ ОНЛАЙН

  Санаи 13 майи соли 2020 аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрў Ҷабборзода  бо роҳбарият ва ҳайати кормандони намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират тариқи  алоқаи интернетии скайп машварати  корӣ анҷом дода шуд. Зимни машварати корӣ масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар […]

Хабарҳо

Ҳамраъйии кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус

  Бо пайравӣ аз иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни давлатии системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши якрўзаи худро дар моҳи май ба ба суратҳисоби махсуси фонди мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус, ки барои чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи […]

Хабарҳо

Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск: «Ба ҳамватанон кумак мерасонем!»

  Имрўз аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти тоҷикони шаҳри  Новокузнетск, ки «Дӯстии халқҳои тоҷику рус» ном гирифтааст,  бо сарварии Шавкатҷон Тоҳиров ва фаъолони  ин ҷамъият барои  зиёда аз дусад нафар  оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни ҳол бо сабаби маҳдудиятҳо дар қаламрави Федератсияи Россия дар мондаанду ниёз ба дастгирӣ доштанд, кумак расониданд. Тавре хабарнигори  АМИТ «Ховар» […]