Хабарҳо

Ҷаласаи Гурўҳи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омўзиш»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

  Санаи 30 июни соли ҷорӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Ширин ҷаласаи Гурўҳи роҳбарикунандаи  байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омўзиш»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаи кориро  Исматуллозода Ширин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, доир ба муҳимияти татбиқи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омўзиш» дар манотиқи […]

Хабарҳо

Ҷаласаи навбатии Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ

  Бо мақсади ба роҳ мондани муколамаи иҷтимоӣ барои муайян ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории сетарафаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касбаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи қарорҳо, пешниҳодҳо ва тавсияҳои мувофиқакардашуда Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таъсис дода шудааст, ки […]

Хабарҳо

Суҳбати мустақими муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода бо ҳайати Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC)

  Санаи 23 июни соли ҷорӣ суҳбати онлайни муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода бо ҳайати Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) доир гардид.          Зимни суҳбат масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ байни Вазорат ва Дафтари СММ , инчунин мукаммал намудани ҳамкорӣ дар самти дастгирии кудакону наврасон  мавриди […]

Хабарҳо

Нахустин ҷаласаи гурўҳи кории байниидоравии Модели фосилавии шуғли ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон

  18 июни соли ҷорӣ ҷаласаи якуми гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Модели фосилавии шуғли ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст, бо иштироки масъулини дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд доир гардид. Ба кори ҷаласа […]

Хабарҳо

Мулоқоти мустақими Гулрў Ҷабборзода Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Дафтари Ташкилоти Байналмилалии Мехнат (ТБМ) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Олга Кулаева

  17 июни соли ҷорӣ  мулоқоти мустақими  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулрў Ҷабборзода бо Директори Дафтари Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат барои кишварҳои  Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Олга Кулаева доир гардид. Мақсад аз баргузории мулоқот муҳокимаи масъалаҳои марбут ба вазъи бозори меҳнат, ҳифзи меҳнат ва чораҳои пешбинишуда дар давраи пандемияи COVID-19   буда, […]

Хабарҳо

ШАРҲИ РАСМИИ ВКД РОССИЯ ОИД БА ТАДБИРҲОИ ИЛОВАГӣ ДАР СОҲАИ МУҲОҶИРАТ БО ДАРНАЗАРДОШТИ КОҲИШ ЁФТАНИ МАҲДУДИЯТҲО МАРБУТ БА ПЕШГИРИИ ПАҲНШАВИИ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС

  Мувофиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 15 июни соли 2020, №392 «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Федератсияи Россияаз 18 апрелисоли 2020, №274 «Оид ба тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ФР дар робита ба таҳдиди паҳншавии минбаъдаи сирояти коронавирус (СOVID-19)» ба ҳама шаҳрвандони хориҷӣ, ки […]

Без рубрики Хабарҳо

Мулоқоти мустақими Гулрў Ҷабборзода Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мэрилин Йосефсон роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  15 июни соли ҷорӣ  мулоқоти мустақими  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулрў Ҷабборзода бо  роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир Мэрилин Йосефсон доир гардид.    Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои вазорат  ва Иттиҳоди Аврупоро, аз ҷумла раванди амалӣ гардидани лоиҳаҳо, ки ба тақвияти таҳсилоти ибтидоии […]

Хабарҳо

Сафари кории Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои давлатии таълимии литсейҳои касбии техникии шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи чумҳурӣ ва ноҳияи Файзобод

12.06.2020, ш.Душанбе. Боздиди корие, ки дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрў Ҷабборзода бо ҳайати ҳамроҳ саннаи 8-12 июни соли равон дар раёсат, бахшу шуъбаҳои мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии навоҳии шаҳри Душанбе ва тобеи ҷумҳурӣ […]

Хабарҳо

“МУҲОҶИРАТШИНОСӣ”

  Таълифи китоби тозанашри “Муҳоҷиратшиносӣ” ҳосили ҳамкории судманди директори Муассисаи давлатии “Пажуҳишгохи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моёншо Маҳмадбекзода, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайвалӣ Мирзоев ва Парвиз Хакимов мебошад. Китоби “Муҳоҷиратшиносӣ” ба паҳлуҳои мусбату манфии раванди муҳоҷирати аҳолӣ, сабабҳои муҳоҷират, шаклҳои муҳоҷирати аҳолӣ, равишиҳои баҳисобгирии муҳоҷирати аҳолӣ, […]

Хабарҳо

Баргузории курсҳои сайёри такмили ихтисос барои кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва устоҳои таълими истеҳсолии МДТ

Тибқи фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2019, №103 ва нақшаи кории  Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и вазорат ба кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва устоҳои таъилми истеҳсолии Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан” ва […]