Хабарҳо

Мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия доир гардид.

  10 июли соли 2020 бо  мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар самти меҳнат, шуғли аҳоли ва ҳалли масъалаҳои марбут ба он  мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Гулрў Ҷабборзода бо Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия Котяков Антон Олегович доир гардид. Зимни мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши […]

Хабарҳо

Баргузории ҷаласа оид лоиҳаи «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»

  Имрўз  таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрў бо иштироки мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Нурулло Оқилзода  ҷаласаи Гурўҳи кории байниидоравӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва […]

Хабарҳо

Баргузории ҷаласаи Гурўҳҳои кории зиннаҳои 1 ва 2 дар рўнамоии «Ҳисобот оид ба арзёбии Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020»

  Имрўз ҷаласаи Гурўҳҳои кории зиннаҳои 1 ва 2 дар рўнамоии «Ҳисобот оид ба арзёбии Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» ва таҳия намудани ҳуҷҷати нави консептуалӣ  таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғафор Азиз ва бо иштироки аъзои гурўҳҳои кории зиннаҳои 1 ва […]

Без рубрики Хабарҳо

Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии кумитаи иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳи марказии вазорат

  7 июли соли ҷорӣ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии кумитаи иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳи марказии вазорат  бо иштироки аъзои он баргузор гардид. Аз рўи масъалаи якуми рўзнома «Дар бораи фаъолияти кумитаи иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва нимсолаи якуми соли 2020» Ормонов М. ҳисобот […]

Хабарҳо

Мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

  7 июли соли ҷорӣ бо  мақсади  тақвияти ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати мехнатӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба он  мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулрў Ҷабборзода бо муовини сардори  Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират  Демиденко Дмитрий Павлович доир гардид. Дар кори нишаст масъулини вазоратҳои корҳои хориҷӣ […]

Хабарҳо

Ҷаласаи Гурўҳи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омўзиш»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

  Санаи 30 июни соли ҷорӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Ширин ҷаласаи Гурўҳи роҳбарикунандаи  байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омўзиш»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаи кориро  Исматуллозода Ширин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, доир ба муҳимияти татбиқи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омўзиш» дар манотиқи […]

Хабарҳо

Ҷаласаи навбатии Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ

  Бо мақсади ба роҳ мондани муколамаи иҷтимоӣ барои муайян ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории сетарафаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касбаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи қарорҳо, пешниҳодҳо ва тавсияҳои мувофиқакардашуда Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таъсис дода шудааст, ки […]

Хабарҳо

Суҳбати мустақими муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода бо ҳайати Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC)

  Санаи 23 июни соли ҷорӣ суҳбати онлайни муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода бо ҳайати Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) доир гардид.          Зимни суҳбат масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ байни Вазорат ва Дафтари СММ , инчунин мукаммал намудани ҳамкорӣ дар самти дастгирии кудакону наврасон  мавриди […]

Хабарҳо

Нахустин ҷаласаи гурўҳи кории байниидоравии Модели фосилавии шуғли ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон

  18 июни соли ҷорӣ ҷаласаи якуми гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Модели фосилавии шуғли ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст, бо иштироки масъулини дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд доир гардид. Ба кори ҷаласа […]

Хабарҳо

Мулоқоти мустақими Гулрў Ҷабборзода Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Дафтари Ташкилоти Байналмилалии Мехнат (ТБМ) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Олга Кулаева

  17 июни соли ҷорӣ  мулоқоти мустақими  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулрў Ҷабборзода бо Директори Дафтари Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат барои кишварҳои  Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Олга Кулаева доир гардид. Мақсад аз баргузории мулоқот муҳокимаи масъалаҳои марбут ба вазъи бозори меҳнат, ҳифзи меҳнат ва чораҳои пешбинишуда дар давраи пандемияи COVID-19   буда, […]