Сохторҳои вазорат

Фотогалерея

Масъалаи будубош ва интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ ба Давлати Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифт

Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории муштарак оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар таҳти роҳбарии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар ва ҳайати Давлати Қатар ба таври фосилавӣ баргузор  гардид.

Нахуст, ҳайати ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои муштарак ва муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои тарафайн дар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ибрози назар намуда, баргузории мулоқотҳои фосилавиро барои муътадил гардонидани бозори меҳнат ва фароҳам овардани шароити корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои  ба таври муташаккилона сафарбарии муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар,  бақайдгирӣ ва барасмиятдарории муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, ҳимояи ҳуқуқ, омӯзиши малакаҳои забондонӣ, баланд бардоштани тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ зимни фаъолияти корӣ дар Давлати Қатар мавриди муҳокимаи  гурӯҳи корӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатиро аз рӯи самтҳои мухталифи бозори меҳнат ва дар доираи муносибатҳои муштараки Тоҷикистону Қатар мавриди муҳокима қарор дода, ҷониби Қатар даъвати муҳоҷирони меҳнатиро дар самти корҳои сохтмонӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ ва бахши хизматрасонии иҷтимоӣ дар давлати Қатар даъват намуда, иброз намуданд, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин самт дастовардҳои назаррасро соҳиб мебошанд.

Инчунин тарафњо дар фарҷоми мулоқот баҳри татбиқи босамари санади ҳамкории мазкур  тасмим гирифтанд, ки новобаста аз пандемияи коронавирус COVID -19 дар ҷаҳон нақшаи кории муштараки дуҷонибаро дар муддати кутоҳтарин таҳия намуда, баҳри амалии он чораҳои муассир ва мушаххас андешида шавад.

Ҳамзамон, зимни ҷаласаи гурӯҳи корӣ  ҷонибҳо мақомотҳои ваколатдори тарафайнро муйаян намуда, барои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи онҳо тавсияҳои муфид ироа  гардид.

         Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ба  анҷом расида, ҷиҳати амалигардонии бандҳои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар ба баррасии ҷонибҳо ирсол гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон​